Добавить новость
World News in Tajik
Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer


Сентябрь
2018

Новости за 21.09.2018

Ozodi.org 

Суқути киштие дар Танзания беш аз 100 нафарро қурбон кард

Беш аз 100 нафар дар натиҷаи суқути паром, ё киштии мусофирбаре дар кули Викторияи Танзания ҳалок шуд. Ин охирин рақамҳоест, ки пулис рӯзи 21 сентябр пахш кард. Мақомот мегӯянд, эҳтимол теъдоди қурбониён бештар аз ин аст, зеро маълум нест, ки паром чӣ қадар мусофир дошт. Баъзе гузоришҳо теъдоди мусофиронро аз 200 то 300 нафар шумурдаанд. Амалиёти наҷот дар кули Виктория идома дорад. То ҳол 40 нафар аз об берун оварда шуд. Сабаби чаппа шудани паром дар наздикии истгоҳи соҳилӣ маълум нест. Дар... Читать дальше...

Ozodi.org 

Чину Русия таҳримҳои нави Амрикоро шадидан маҳкум карданд

Чин рӯзи 21 сентяр аз Ийолоти Муттаҳидаи Амрико даъват кард, ки таҳримҳоро аз Идораи асосии таслиҳоти Вазорати дифоъ лағв кунад ва дар сурати боқӣ мондани таҳримҳо, Амрикоро аз паёмади он ҳушдор дод. Қарори таҳримҳоро Департаменти давлатии ИМА  рӯзи гузашта дар посух ба "муомилоти бузург"-и Чин бо муассисаи таслиҳотии Русия - "Рособоронэкспорт" қабул кард.  Сухан аз боби муомилотест, ки  Чин аз Русия соли гузашта 10 ҳавопамои Су-35 ва соли равон сохторҳои мушакии зидди ҳавоӣ -С 400- ро харидорӣ кард. Читать дальше...

Ozodi.org 

Шумори донишҷӯёни узбек дар донишгоҳҳои Тоҷикистон якбора афзоиш ёфт

Имсол сафи донишҷӯёни узбекистонӣ дар мактабҳои олии Тоҷикистон афзуда, ба тақрибан ҳазор нафар баробар шудааст. Масъулони Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гуфтанд, ки дар солҳои гузашта ин рақам ба 40 нафар мерасид.

Ozodi.org 

Аз 40 ба 1000. Афзоиши сафи донишҷӯёни узбек дар Тоҷикистон. ВИДЕО

Имсол сафи донишҷӯёни узбекистонӣ дар мактабҳои олии Тоҷикистон афзуда, ба тақрибан ҳазор нафар баробар шудааст. Масъулони Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гуфтанд, ки дар солҳои гузашта ин рақам ба 40 нафар мерасид.

Ozodi.org 

Дар Ҳамадонӣ як падар писарашро бо тири камон куштааст

Як сокини ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон бо гумони қатли писар ва захмӣ кардани наберааш дастгир шудааст. Мақомоти интизомӣ гуфтанд, ки Раҳмон Миронови 59-сола шоми 20-уми сентябр бо камони шикорӣ ба писараш Ҷумъахон Миронов ҳамла кард ва ӯро кушт. Дар ин ҳодиса набераи панҷсолааш захмӣ шудааст. Як манбаъ дар ниҳодҳои интизомии минтақаи Кӯлоб рӯзи 21-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, Раҳмон Миронов баъди ин ҳодиса дар хонааш пинҳон шудааст. “Вақте ӯро ёфтанд, ба маъмурони милиса муқобилият нишон дод. Читать дальше...

Ozodi.org 

Садамаи автобус дар Афғонистон боис ба марги 15 нафар шуд

Мақомот дар ғарби Афғонистон мегӯянд, на кам аз 15 нафар, аз ҷумла се зан ва ду кӯдак, ҳангоми бархурди як автобуси мусофирбар ба мошини боркаш кушта шуданд. Ҳодиса саҳарии 21-уми сентябр дар шоҳроҳи Афғонистон-1, ки шаҳри Ҳиротро ба Кобул мепайвандад, рӯй дод. Мақомот гуфтанд, ки на кам аз 30 нафари дигар дар садама дар минтақаи вилояти Бакво захмӣ шуданд. Носир Меҳрӣ, сухангӯи волии минтақаи Фароҳ дар суҳбат бо бахши дарии Радои Озодӣ гуфт, ҳодиса замоне иттифоқ афтод, ки автобус аз Қандаҳор ба тарафи Ҳирот ҳаракат дошт. Читать дальше...

Ozodi.org 

Муттаҳам дар ҷалби маҷбурии омӯзгор ба артиш аз ҷавобгарӣ озод шуд

Додгоҳи ҳарбии гарнизони Хатлон баррасии парвандаи пурсарусадои прапоршик Усмон Каримови 46-сола, корманди собиқи комисcариати ҳарбии ноҳияи Вахшро хотима дода, ӯро барои сидқан пушаймон шудан озод кард.

Ozodi.org 

Ахбори Озодӣ аз 21-уми сентябри соли 2018

Мурофиаи гумонбар дар қатли Ҳувайдо Тиллозода,нархҳои гарони чиптаи Душанбе- Маскав,худсӯзии зани ҳомила дар Кӯлоб, ҳукми абади занони тоҷик дар Ироқ ва мушкили дастрасӣ ба телевизионҳои давлат.

Ozodi.org 

"Ҷанг"-и Нурмагомедов бо Тимати. Доғистон – минтақаи мамнӯъ барои рэпсароҳо?

Як минтақаи ғолибан муҳофизакори мусалмоннишин ахиран дар маркази баҳси рэпсароҳои Русия қарор гирифт. Рӯзи 9-уми сентябр дар Доғистон консерти барномарезишудаи Эл-Ҷей ва Егор Крид лағв гардид.

Ozodi.org 

Дар Узбекистон ба таҷлили 75-солагии Парфӣ иҷозат надоданд

Дар Узбекистон ба таҷлили 75-солагии шоири маъруф Рауф Парфӣ, ки қарор буд, 25-уми сентябр дар Китобхонаи миллии Тошканд баргузор шавад, иҷозат надоданд. Намояндагони қишри эҷодкор дар эътироз ба ин тасмими мақомот дар Фейсбук маъракаеро таҳти унвони "#parfimaniya" ба роҳ монданд. Дар чорабинии мазкур қарор буд, шеърҳои шоир қироат ва дар бораи эҷодиёти ӯ суханронӣ кунанд. Ҳамчунин намоиши саҳнаҳое дар назар буд, ки дар асоси шеърҳои Парфӣ омода шудаанд. Як масъули Китобхонаи миллии Узбекистон ба номи Алишер Навоӣ гуфт... Читать дальше...

Ozodi.org 

Ҷеенбеков: Ба "ҳукмронии хонаводагӣ" иҷозат намедиҳам

Президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков 21-уми сентябр дар ҷараёни сафараш ба ноҳияи Кемин гуфт, ба "ҳукмронии хонаводагӣ" дар кишвараш иҷозат нахоҳад дод. Ӯ гуфт, ба муҷозоти шахсоне ҳам дастур додааст, ки аз номи президент дар Қирғизистон сӯистифода мекунанд. "Барқасдона овоза мекунанд, ки гӯиё Ҷеенбеков ба Боқиев табдил шуда, наздиконаш ӯро идора мекунанд. Ба ҳеч кас иҷозат намедиҳам. Агар огаҳ шудам, сахт чора хоҳам андешид. Инро ҳама медонанд. Ҳоло "дӯстон"-у "хешовандон"-и зиёди ман пайдо шудаанд. Читать дальше...

Ozodi.org 

Президенти Ветнам баъди бемории шадид даргузашт

Расонаҳои давлатии Ветнам эълон карданд, ки раиси ҷумҳури ин кишвар Тран Дай Куанг баъди маризии шадид дар 61-солагӣ даргузашт. Хабаргузории расмии Ветнам гузориш дод, ки Куанг субҳи 21-уми сентябр дар шифохонаи ҳарбӣ ҷон дод. Куанг соли 2014 бидуни рақиб аз тарафи Ҳизби Коммунист ба мақоми президентӣ расид. Вай дар асл рамзӣ ин мақомро дар ихтиёр дошт. Зимоми ҳукумат асосан дар дасти нахуствазир ва Ҳизби коммунист буд. Қаблан Куанг дар мақоми вазири амният кор кардааст.

Ozodi.org 

Мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии FIFA бидуни тағйир монд

Мавқеи Тоҷикистон дар рейтинг ё раддабандии Федератсиони байналмилалии футбол, ки 20-уми сентябр дар сомонаи расмии FIFA нашр шудааст, тағйир наёфт ва дар байни 211 кишвар бо 1156 имтиёз дар ҷойгоҳи 120-ум қарор гирифтааст.

Ozodi.org 

Набарди модар бо мори кубро

Набарди модар бо мори кубро. Саг ҷони худро дар хатар гузошта имкон надод, мори айнакдор тамоми фарзандонашро ба ҳалокат расонад.

Ozodi.org 

Даниэл Розенблюм - сафири нави ИМА дар Узбекистон

Сенати ИМА номзадии Даниэл Розенблюмро ба мақоми сафири ИМА дар Узбекистон тасдиқ кард. Бахши узбекии Радиои Озодӣ рӯзи 20 сентябр навишт, ки овоздиҳӣ дар Сенат рӯзи 18 сентябр ҷараён гирифт. Розенблюм аз ин пеш дар мақоми муовини ёвари  Котиби давлатии ИМА дар кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ кор кардааст. Пеш аз Розенблюм дар мақоми сафири ИМА дар Тошканд Памела Спратлен кор кардааст, ки аз соли 2015 ин масъулиятро ба ӯҳда дошт. Дар бораи пешбарӣ шудани Розенблюм ба мақоми сафири Амрико дар Узбекистон 29 июн хабар доданд. Читать дальше...

Ozodi.org 

10 ҳазор узбекистонӣ шаҳрвандии Русияро пазируфтанд

Тайи шаш моҳи аввали соли равон, аз моҳи январ то моҳи июн ҳудуди 10 ҳазор узбекистонӣ шаҳрвандии Русияро қабул кардаанд. Ҳамзамон беш аз 75 ҳазор узбекистонии дигар дар Русия бо иҷозатномаи будубоши доимӣ ба сар бурдаанд. Радиои Озодлик рӯзи 20 сентябр бо такя ба  сомонаи Вазорати умури дохилии Русия гуфт, аз моҳи январ то моҳи июни соли равон беш аз 2,2 миллион шаҳрванди узбекистон дар Русия дар қайди муҳоҷират гузошта шудаанд. Дар ҳамин давра дар Русия беш аз 1,1 миллион узбекистонӣ кор карда... Читать дальше...

Ozodi.org 

Ҳабси гумонбар дар қатли Ҳувайдо то 22 октябр тамдид шуд

Додгоҳи шаҳри Серпуховои Подмосковйе рӯзи 20 сентябр мӯҳлтаи ҳабси пешакии Александр Сёмин, гумонбари куштори ваҳшиёнаи тифли тоҷик Ҳувайдо Тиллозодаро барои як моҳи дигар дароз кард. Ин марди муттаҳам дар таҷовуз ва қатли духтари 5-сола то 22-уми  октбяр дар боздошт хоҳад буд. Сабаби дароз кардани муҳлати боздошт дар он аст, ки муфаттиш гуфтааст, то ба ҳол натиҷаи ташхиси рӯҳии  Сёмин омода нашудааст. Аммо вакили мудофиаи  оилаи Ҳувайдо Тиллозода  мегӯяд, ҳатто дар сурате  ки натиҷаи ташхис нишон бидиҳад... Читать дальше...




Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media






Топ новостей на этот час

Rss.plus





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *