Мы в Telegram
Добавить новость
World News in Tajik
Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer


Июль
2019

Новости за 03.07.2019

Ozodi.org 

Марзбонони чинӣ дар телефони ҷаҳонгардон барномаи махфии ҷосусӣ насб мекунанд

Нашрияи бритониёии Guardian навишт, ки полиси сарҳадии Чин дар телефони ҷаҳонгардони хориҷӣ ба таври махфӣ барномаҳои ҷосусӣ насб карда, маълумоти хусусии корбаронро берун меорад.

Ozodi.org 

Сокин: Аз назари ҳукумат дур мондем

Солҳои 90-уми асри гузашта дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрванди шурӯъ шуд ва шароити зиндагӣ тағйир ёфт. Ин мардуму ваъдаҳои ба онҳо дода фаромуш шуданд.

Ozodi.org 

Амрико як гурӯҳ дар Покистонро созмони террористӣ эълон кард

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гурӯҳи ҷудоиталаби Артиши Озодихоҳи Балучистон дар Покистонро созмони террористӣ эълон кард. Ба гуфтаи Вашингтон ҳадаф аз ин кор маҳрум кардани ин созмон аз пулу имконот аст, то натавонад, ҳамлаҳо тарҳрезӣ кунад. Вазорати умури хориҷии Амрико рӯзи 2-уми июл эълон кард, ки Артиши Озодихоҳи Балучистон, “як гурӯҳи мусаллаҳи ҷудоиталаб аст, ки нерӯҳои амниятӣ ва ғайринизомиёнро бахусус дар манотиқи балучнишин ҳадаф мегирад.” Ин минтақа дар ҷанубуғарби Покистон аст. Вазорат гуфтааст... Читать дальше...

Ozodi.org 

Ситоиши Шойгу аз қурбониёни фалокат дар киштии зериобии атомӣ

Сергей Шойгу, вазири дифои Русия 14 маллоҳи ҳалокшуда дар як киштии зериобии атомиро “мутахассисони низомии нодир” номид. Ӯ гуфт, номи ҳамаи онҳоро барои гирифтани ҷоизаҳои давлатӣ пас аз марг пешниҳод мекунанд. Ин маллоҳон рӯзи 2-уми июл дар натиҷаи сӯхтор дар дохили киштӣ ҳалок шуданд. Сергей Шойгу дар ин бора рӯзи 3-уми июл дар шаҳри Североморск, пойгоҳи Сипоҳи Баҳрии Шимолии Русия сӯҳбат кард. Ӯ гуфт, ки чанде аз маллоҳон ва ғайринизомиёне, ки дар киштии зериобии баҳрӣ кор мекарданд, зинда мондаанд. Читать дальше...

Ozodi.org 

Путин ба таҳқиқи ҳамаҷонибаи сӯхтор дар киштии зериобӣ амр дод. ВИДЕО

Президенти Русия Владимир Путин дар мулоқот бо вазири дифои ин кишвар Сергей Шойгу рӯзи 2 июл амр дод, ки ҳодисаи бо киштии зериобӣ рухдода таҳқиқ шавад. Вазири дифоъ дар гузоришаш ба президенти Русия гуфт, ки 14 маллоҳ дар ҷараёни анҷоми корҳои таҳқиқотии киштии зериобии пажӯҳишӣ бар асари як сӯхтор ҷон доданд. Сергей Шойгу дар гузориши худ ба президент гуфт: «Дирӯз дар ҷараёни корҳои нақшавӣ дар заминаи омӯзиши бистари баҳри Барентс дар ҳудудҳои марзии хоки Русия дар дохили як киштии пажӯҳишии зериобӣ оташ сар зад. Читать дальше...

Ozodi.org 

Узбекистон ба Мирасрори Фарғонӣ барои кор дар як расонаи Тоҷикистон муҷаввиз дод

Дар солҳои баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, Мирасрори Фарғонӣ, хабарнигори собиқи Радиои Озодӣ ба унвони нахустин хабарнигори расонаи тоҷикӣ дар Узбекистон расман сабти ном шудааст.

Ozodi.org 

Ҷавобҳои Тоҷикистон ба Кумитаи Ҳуқуқи Башари СММ (Рӯзи 2)

Дар Женева ҳамин лаҳзаҳо муколамаи ҳайати ҳукумати Тоҷикистон бо аъзои Кумитаи Ҳуқуқи Башари Созмони Миллаи Муттаҳид идома дорад. Дар ин иҷлосия намояндагони мақомоти тоҷик гузориш медиҳанд , ки дар чанд соли гузашта барои риояти ҳуқуқи сиёсӣ ва мадании мардум чӣ корҳое карда шуд.

Ozodi.org 

Изҳороти ВКХ Тоҷикистон дар бораи Радиои Озодӣ

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон гуфтааст, қазияи маҳрум кардани хабарнигорони Радиои Озодӣ аз ҳаққи кор “беасос ва хилофи этикаи рӯзноманигорӣ шарҳ" дода мешаванд. Гуфта нашудааст, манзури вазорат баёнияҳои созмонҳои байнулмилалист ё матолиби расонаҳои маҳаллии Тоҷикистон.

Ozodi.org 

Интернети бепул дар паркҳои Душанбе

Акнун дар боғҳои Душанбе низ сокинон дар баробари истироҳат метавонанд аз интернети ройгон ва бемаҳдуд истифода намоянд. Чунин имкониятро яке аз ширкатҳои мобилӣ фароҳам овардааст ва аллакай дар баъзе боғҳои пойтахт вай фай ё худ интернети бесимро насб кардааст.

Ozodi.org 

Ахбори Озодӣ аз 3-уми июли соли 2019

Сӯхтор дар бозори ноҳияи Ҳамадонӣ, ҷавоби Тоҷикистон ба СММ, фоҷеаи табиӣ ва фавти 14 маллоҳи низомӣ дар Русия, интернети бепул дар паркҳои Душанбе ва матолиби дигар.

Ozodi.org 

"Поккорӣ" дар додситонии кулли Узбекистон пас аз боздошти Муродов

Пас аз барканории Отабек Муродов аз мақоми додситонии кулли Узбекистон чандин корманди баландпояи дигари ин ниҳод низ аз кор ронда шудаанд. Дар ҳоли ҳозир бештари барканоршудаҳо ҳамчун гумонбар ё шоҳид бозпурсӣ мешаванд. Ба гуфтаи як манбаъ, ба худи Муродов, ки дар ҳабс аст, иҷозат намедиҳанд, бо вакили дифоаш мулоқот кунад. Як манбаи наздик ба мақомоти қудратии Узбекистон гуфт, дар додситонии кулли ин кишвар асосан онҳоеро аз мақом барканор карданд, ки бо Отабек Муродов наздик буданд. Ҳудуди... Читать дальше...

Ozodi.org 

Ҳалокати беш аз 40 нафар дар ҳамла ба як маркази паноҳҷуён дар Либия

Дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоӣ ба як маркази нигаҳдории гурезаҳо дар шаҳри Троблуси Либия дасти кам 40 кас кушта ва 80 тани дигар захмӣ шуданд. Дар ин бора ҳукумати аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофшудаи Либия хабар медиҳад. Мақомоти Либия зарбаҳои ҳавоиро кори "Артиши миллии Либия" ба раҳбарии генерал Халифа Ҳафтар номиданд, ки аз моҳи апрели соли равон ҳамларо ба шаҳри Троблус оғоз кардааст. Ба иттилои ҳукумати Либия, бештари кушташудаҳо гурезаҳои африқоие буданд, ки мехостанд тариқи ин кишвар худро ба Аврупо расонанд. Читать дальше...

Ozodi.org 

Рӯзи дуввуми суолборони Тоҷикистон дар Созмони Милал. ПАХШИ ЗИНДА

Дар шаҳри Женева имрӯз муколамаи ҳайати ҳукумати Тоҷикистон бо аъзои Кумитаи Ҳуқуқи Башари СММ идома кард. Дар нишасти 126-уми Кумитаи Ҳуқуқи Башар ҳукумати Тоҷикистон гузориш медиҳад, ки дар чанд соли гузашта барои риояти ҳуқуқи сиёсӣ ва мадании мардум чӣ корҳоеро анҷом додааст.

Ozodi.org 

Дар Екатеринбург раҳбари ҷамъияти қирғизҳоро паронданд

Дар шаҳри Екатеринбурги Русия раҳбари ҷамъияти маҳаллии қирғизҳо Камчибек Каримовро куштанд. Афроди ношинос 2 июл ӯро дар назди хонааш парондаанд. Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, ҳамлагарон ба шикам ва пойи Каримов парондаанд. Дар ҳоли ҳозир маълум нест, ки раҳбари ҷамъияти қирғизҳо бо кадом навъи силоҳ кушта шудааст. Ба гуфтаи шоҳидон, Каримов ҳангоми рух додани ҳодиса бо худ пули калон доштааст. Узви конгресси умумирусиягии қирғизтаборон Матмирзо Болотбеков дар суҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт... Читать дальше...

Ozodi.org 

Мулоқоти котиби давлатии ИМА бо вазири умури хориҷии Қазоқистон

Котиби давлатии ИМА Майк Помпео 2 июл бо вазири умури хориҷии Қазоқистион Бейбут Отамқулов, ки дар доираи як сафар дар Вашингтон қарор дорад, мулоқот кард. "Котиби давлаӣ ба пешсафии Қазоқистон дар мавриди баргардонидани шаҳрвандони худ аз Сурия баҳои баланд дода, аз Нурсултон даъват кард, ки таҷрибаи худро бо кишварҳои дигар дар миён гузорад",-омадааст дар иттилоияи Департаменти давлатии ИМА. Намояндаи расмии департамент Морган Ортагус гуфт, Помпео аз дастгириҳои Қазоқистон дар роҳи расидан ба сулҳи устувор дар Афғонистон ёдовар шуда... Читать дальше...

Ozodi.org 

Гулнора Каримова ҳамкориро бо мақомот барои баргардонидани $133 млн қатъ кард

Набераи президенти нахустини Узбекистон Имон Каримова 2 июл дар шабакаи иҷтимоии "Инстаграм" ҷузъиёти муносибатҳои кунунии модараш Гулнора Каримова бо мақомоти ин кишварро шарҳ дод. Духтари Гулнора Каримова навиштааст, ки вазъи сиҳатии модараш дар зиндони Зангиотаи вилояти Тошканд рӯз то рӯз бад мешавад. "Мардуми Узбекистон ба хотири як нафар эҳтимол аст, пулҳои боқиро аз даст диҳанд. Модарам як моҳ пеш раванди баргардонидани пулҳо ва аз байн бурдани тамоми монеаҳои мавҷударо дар ин замина оғоз карда буд",-навишт Каримова. Читать дальше...

Ozodi.org 

"Файзканд" бидуни бохт пешсафи лигаи аввал аст

Дастаи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ, ки дар даври нӯҳуми лигаи аввали футболи Тоҷикистон дар меҳмонӣ “Исфараи”-и шаҳри Исфараро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод, дар ҷадвали мусобиқа бо 21 имтиёз мавқеи пешсафиашро нигаҳ дошт. Зимнан, “Файзканд” ягона дастест, ки бохт надорад.

Ozodi.org 

Сӯхтор дар бозори марказии ноҳияи Ҳамадонӣ

Бозори марказии ноҳияи Ҳамадонӣ нимашаби гузашта ба коми оташ рафтааст. Ба гуфтаи соҳибкорон ва сокинон, бар асари ин сӯхтор даҳҳо дӯкон нобуд шудааст. Мақомот то ба ҳол дар робита ба ин ҳодиса изҳори назар накардаанд. Сабабҳои сар задани оташсӯз низ то кунун маълум нест ва дар мавриди ҳаҷми зарари ворида аз ин ҳодиса, маълумоте нашр нашудааст. Соҳибкорони ин бозор дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки мақомоти оташнишонӣ танҳо пас аз 6 соат тавонистанд алангаҳои сӯхторро ба таври комил фурӯ нишонанд. Читать дальше...

Ozodi.org 

Пешниҳоди номзадии вазири дифои Олмон ба мақоми раҳбарии Комиссияи Аврупо

Номзадии вазири дифои Олмон Урсула фон дер Ляйен ба мақоми раҳбарии Комиссияи Аврупо пешбарӣ шуд. Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск дар "Твиттер" хабар дод, ки ин тасмимро рӯзи сешанбе дар саммити Иттиҳоди Аврупо дар Брюссел гирифтанд. Агар номзадии Урсула фон дер Ляйенро порлумони Аврупо таъйид кунад, ӯ нахустин зане хоҳад шуд, ки мақомоти иҷроияро дар Иттиҳоди Аврупо раҳбарӣ мекунад. Ӯ ҳамчунин нахустин зане аст, ки вазири дифои Олмон таъйин шудааст. Гуфтугӯи раҳбарони Иттиҳоди Аврупо барои интихоби... Читать дальше...


В два раза прекраснее. В Москве стартовала «Ночь в музее»

США сообщили об ударе хуситов по танкеру, шедшему в КНР после остановки в России

В кабмин и Верховный суд направлен пакет антитабачных законопроектов

Команда из Егорьевска победила на футбольном турнире в Сочи



Новости 24/7 DirectAdvert - доход для вашего сайта



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России



Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city

США сообщили об ударе хуситов по танкеру, шедшему в КНР после остановки в России

В два раза прекраснее. В Москве стартовала «Ночь в музее»

«Динамо» разгромило «Крылья Советов», «Краснодар» вырвал победу у «Сочи»

Мотоциклист впал в кому после столкновения с легковым авто в ТАО Москвы

Музыкальные новости

IV Художественно-промышленная выставка-форум «Уникальная Россия» в Москве: Отражение культурного богатства страны

Мини-футбол. Чемпионат России. 1/4 финала. Четвертые матчи. «Синара» сравняла счет в серии с «Газпром-Югрой», «Тюмень» обыграла «Норильский никель», другие встречи

RPG Battle of Souls доступна в Google Play 2 стран

Шапки женские вязаные на Wildberries, 2024 — новый цвет от 392 руб. (модель 466)

Новости России

Гендиректор "Динамо" Пивоваров заявил, что не одобряет оскорбления "Зенита"

Подмосковье снова присоединилось к «Марафону зарядок» на ВДНХ

Мотоциклист впал в кому после столкновения с легковым авто в ТАО Москвы

В «Локомотиве» не рассматривали возможность подписания Джикии

Экология в России и мире

МОСКОВСКИЙ ФЕСТИВАЛЬ ПОД ФЛАГОМ РУССКИХ СУПЕРГЕРОЕВ.

Шапки женские на Wildberries — скидки от 398 руб. (на новые оттенки)

Наследие Шаляпина и Рахманинова представили на выставке-форуме «Россия»

СЛД «Чита» филиала «Забайкальский» ООО «ЛокоТех-Сервис» пополнило экспозицию выставки «БАМ: наследие для будущего»

Спорт в России и мире

Звонарёва проиграла американке Крюгер в квалификации турнира в Страсбурге

Теннисист Медведев может потерять свое место в рейтинге ATP

Соболенко вышла в финал турнира WTA-1000 в Риме, в двух сетах обыграв Коллинз

Соболенко — Коллинз: белоруска выиграла первый сет в полуфинале Рима

Moscow.media

Шапки женские на Wildberries — скидки от 398 руб. (на новые оттенки)

16-летнюю Volvo продали за рекордный срок

Завершен очередной этап строительства моста в Мнёвниках

Docrobot провёл бизнес-встречу, посвящённую технологии электронного обмена данными (EDI) в ритейле







Топ новостей на этот час

Rss.plus





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *