Рӯзи дуввуми суолборони Тоҷикистон дар Созмони Милал. ПАХШИ ЗИНДА
Дар шаҳри Женева имрӯз муколамаи ҳайати ҳукумати Тоҷикистон бо аъзои Кумитаи Ҳуқуқи Башари СММ идома кард. Дар нишасти 126-уми Кумитаи Ҳуқуқи Башар ҳукумати Тоҷикистон гузориш медиҳад, ки дар чанд соли гузашта барои риояти ҳуқуқи сиёсӣ ва мадании мардум чӣ корҳоеро анҷом додааст.