Добавить новость
World News in Tajik
Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer
Февраль
2021

Новости за 07.02.2021

Ozodi.org 

Яндекс хостааст, муҳоҷиронро дар Маскав ройгон ваксин зананд. ВИДЕО

Ширкати Яндекс аз ҳукумати шаҳри Маскав хостааст, муҳоҷиронеро, ки дар ин ширкат кор мекунанд, бо ваксинаи ройгони зидди коронавирус таъмин кунад.  Ҳоло фақат шаҳрвандони Русия ваксинаи ройгон мегиранд. Муовини шаҳрдори Маскав пешниҳоди мазкурро ҷонибдорӣ кардааст.  Аммо иддае аз муҳоҷирон дар суҳбат бо хабарнигорони Настояшее Время майли чандоне ба ваксинагирӣ нишон надодаанд. Шумқорбек Ҳасанҷон-улу ним сол боз дар як ширкати ғизорасон дар Маскав кор мекунад. Ба ройгон эм кардани муҳоҷирон... Читать дальше...

Ozodi.org 

Хоманаӣ шарти иҷрои созиши атомӣ бо Эронро "шарҳ дод"

Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон гуфтааст, ки агар Амрико мехоҳад, кишвараш дигарбора тамоми талаботи созиши атомиро  иҷро кунад, бояд тамоми таҳримот ба зидди Эронро аз байн бардорад. Оятуллоҳ Хоманаӣ рӯзи 7-уми феврал дар мулоқот бо гуруҳе аз фармондеҳони неруҳои ҳавоии Эрон гуфтааст: “Таҳримот дуруст лағв шавад, онгаҳ мо ба иҷрои тааҳудоти худ бармегардем.” Ба гуфтаи таҳлилгарон, ин нахустин баёнияи Хоманаӣ дар бораи созиши атомӣ, пас аз раиси ҷумҳури Амрико шудани Ҷо Байден аст, ки гуфтааст... Читать дальше...

Ozodi.org 

Шӯрое дар Покистон занонро аз ҳаққи "пул гирифтану гап задан" маҳрум кард

Як шӯрои қабиласолорон дар ноҳияи дурдасти Баҷовур дар Покистон омадани занон ба як марказеро манъ кардааст, ки ба модарони қашшоқ барои нигоҳубини фарзандонашон пул тақсим мекунад. Маҷлиси Ҷирга ва ё Шӯрои қабиласолорони маҳаллаи Мамунд гуфтааст, омадани занон ба Маркази некуаҳволии кӯдакон мухолифи фарҳанги мардуми ин маҳалла аст. Шӯро рӯзи 6-уми феврал эълон кард, ки агар ягон зан барои гирифтани кумакпулӣ ба марказ биёяд, оилаашро ҷарима мекунанд. Бар асоси қарори шӯро занони маҳалла ҳамчунин дигар ҳақ надоранд... Читать дальше...

Ozodi.org 

Дар Мянмар даҳҳо ҳазор нафар тазоҳурот карданд

Ҳазорон нафар дар саросари Мянмар ба нишони эътироз аз табадуллоти низомӣ дар рӯзи 7-уми феврал ба хиёбонҳо рехтанд ва хостории озодии Аунг Сан Су Чи, раҳбари мунтахаби кишвар шуданд. Аз замони Инқилоби заъфаронӣ дар Мянмар дар соли 2007 ин кишвар ҳеч гоҳ шоҳиди чунин тазоҳуроти азим нашуда буд. Маҳз ҳамон тазоҳурот роҳ ба демократия дар Мянмарро ҳамвор кард. Дар рӯзи дуввуми тазоҳурот мардум дар Янгон бузургтарин шаҳри кишвар пироҳани сурх ба бар карда буданд ва парчамҳои сурх доштанд, ки рамзи Ҳизби Миллии Демократии Аунг Сан Су Чи аст. Читать дальше...

Ozodi.org 

Боздошти тарафдорони Навалний идома кардааст

Бино ба гузоришҳо, мақомоти Русия ба боздошти тарафдорони пешвои мухолифон Алексей Навалний идома медиҳанд ва маркази дуввумин шаҳри бузурги кишварро барои ҷилавгирӣ аз ҳаргуна тазоҳурот бастаанд. Ҳарчанд эътирозе барномарезӣ нашудааст, вале рӯзи 6-уми феврал мақомоти шаҳри Санкт Петербург роҳҳоеро бастанд, ки ба маркази шаҳр мерасонанд. Маҳз дар инҷо дар ду ҳафтаи гузашта тазоҳуроти калони тарафдорони Навалний сурат гирифт. Пулис гуфт, ки ба зидди тарафдорони мухолифон 30 амалиёт доир кардааст. Читать дальше...

Ozodi.org 

Тихановская хостори ҳимоят аз тазоҳургарон шуд

Светлана Тихановская, пешвои мухолифони давлат дар Белорус рӯзи 7-уми февралро Рӯзи ҳамраъйӣ бо Белорус хонда аз раҳбарони ҷаҳон, хабарнигорону ҷомеаи маданӣ хост, тазоҳургаронеро ҳимоят кунанд, ки талаб доранд, Александр Лукашенко истеъфо диҳад. Тихановская рӯзи 7-уми феврал зимни муроҷиат аз тариқи вебсайташ гуфт, аз рӯзи интихоботи “фиребомез”-и 9-уми август “белорусҳо демократия ва озодӣ талаб доранд ва бо вуҷуди беқонунии режим, муқовим ва далер мондаанд.” Ба гуфтаи ӯ, мардум ҳамарӯза бо тазоҳургарон... Читать дальше...

Ozodi.org 

Даъво сари хона дар Хуҷанд. Яке то қасди худкушӣ дар назди додгоҳ расид. ВИДЕО

Бештар аз 4 сол аст, ки дар мақомоти додгоҳӣ баҳси ба кӣ тааллуқ доштани ду хона дар шаҳри Хуҷанд хотима намеёбад. Истиқоматкунандагони ин хонаҳо мегӯянд, чанд даҳсола пеш пули онро ба соҳибонм пешинааш доданд, вале ба сабаби нобасомониҳои рӯзгор натавонистаанд, ба номи худ сабт кунанд.

Ozodi.org 

Даъво сари хона дар Хуҷанд то қасди худкушӣ дар назди додгоҳ расид

Бештар аз 4 сол аст, ки дар додгоҳ баҳси ҳуҷҷатгузорӣ, ё ба кӣ тааллуқ доштани ду хона дар шаҳри Хуҷанд хотима намеёбад. Истиқоматкунандагони ин хонаҳо мегӯянд, чанд даҳсола пеш пули онро ба соҳибонм пешинааш доданд, вале ба сабаби нобасомониҳо натавонистаанд, ба номи худ сабт кунанд.

Ozodi.org 

Мошинро бе ангушт задан ба чизе меронед?

Ба назари шумо бо ангушт ва ё даст задан ба пардаи ноаён ва ё ҳаво метавон, асбоберо ба ҳаракат даровард, ё не. Ҳоло ин имкон вуҷуд дорад ва шумо шояд рӯзе тавонед, мошин, ё асбобҳои электронии рӯзгорро бе даст расонидан ба тугмае ба ҳаракат оред.




Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media






Топ новостей на этот час

Rss.plus





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *