Дар Мянмар даҳҳо ҳазор нафар тазоҳурот карданд
Дар рӯзи дуввуми тазоҳурот мардум дар Янгон бузургтарин шаҳри кишвар пироҳани сурх ба бар карда буданд ва парчамҳои сурх доштанд, ки рамзи Ҳизби Миллии Демократии Аунг Сан Су Чи аст. Тазоҳургарон фарёд мекашиданд, ки “Мо на диктатураи низомӣ, балки демократия мехоҳем”.
Артиши Мянмар рӯзи 1-уми феврал ҳукуматро гирифт, Аунг Сан Су Чиро боздошт кард ва имкон надод, ки қудрат ба таври демократӣ ба дасти ҳукумати тозаинтихоб гузарад. Бино ба гузоришҳо, тазоҳуроти рӯзи 7-уми феврал дар муқоиса ба эътирозҳои як рӯз пеш, ки даҳҳо ҳазор нафар дар онҳо ширкат доштанд, бузургтар будааст.