Добавить новость
World News in Tajik
Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer


Март
2021

Новости за 16.03.2021

Ozodi.org 

Сокинон мегӯянд, имсол бе ҳарос ба таҷлили Наврӯз омода мешаванд. ВИДЕО

Кишварҳои мухталифи олам, ба вижа мамолики Аврупо, бо ишора ба сирояти навъҳои тағйирёфтаи коронавирус, гӯшанишиниро машварат медиҳанд, аммо дар Тоҷикистон ба таҷлили ботантанаи Наврӯз омода мешаванд.

Ozodi.org 

Музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон шуруъ шуд

Музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар масъалаи марз рӯзи 16-уми март дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд оғоз шуд. Хабарнигорони мустақилро ба мулоқот роҳ надоданд ва, бино бар ин, ҷузъиёти суҳбатҳои ду тараф феълан маълум нест.

Ozodi.org 

Раиси IAEA гуфт, барои бозгашти ИМА ба созиши Эрон ҳарду ҷониб бояд иқдом кунанд

Раиси Оҷонсии назорати нирӯи ҳастаии СММ (IAEA) гуфт, бозгашти ИМА ба созиши соли 2015-и атомӣ бо Эрон имконпазир аст, вале таъкид кард, ки ҳарду ҷониб бояд барои идомаи музокирот омода бошанд. Рафаэл Гросси бо ин суханҳо рӯзи 16-уми март бо як паёми видеоӣ дар назди се кумитаи Парлумони Аврупо суханронӣ кард. ИМА соли 2018 замони президентии Доналд Трамп ба таври якҷониба созиши атомии қудратҳо бо Эронро тарк кард, вале президент Ҷо Байден ишора намуд, ки Вашингтон хостори бозгашт ба ин созиш мебошад. Читать дальше...

Ozodi.org 

Душанбе ба таҷлили ботантанаи Наврӯз омода мешавад

Кишварҳои мухталифи олам, ба вижа мамолики Аврупо бо ишора ба сирояти навъҳои тағйирёфтаи коронавирус, гӯшанишиниро машварат медиҳанд, вале дар Тоҷикистон мардум бо нигаҳдошти чораҳои эҳтиётӣ ба таҷлили ботантанаи Наврӯз омода мешавад.

Ozodi.org 

Ваксинаи AstraZeneca-ро дар Тоҷикистон чӣ интизор аст?

Сарфи назар аз машварати Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ як идда мамолики олам истифодаи ваксинаи AstraZeneca-ро, ки барои ҷилавгирӣ аз коронавирус таҳия шудааст, мутаваққиф карданд. То ҳол вокуниши Тоҷикистон маълум нест. Баъзе аз табибон мегӯянд, феълан аз гирифтани он худдорӣ мекунанд.

Ozodi.org 

AstraZeneca-ро дар Тоҷикистон чӣ интизор аст? Мақомот гуфтанд, ба зудӣ шарҳ медиҳанд. ВИДЕО

Баҳси то куҷо бехатар будани ваксинаи AstraZeneca то ба Тоҷикистон ҳам расидааст. Кишвар ҳафте пеш тақрибан 200 ҳазор воя ё дозаи ин навъи ваксинаро дастрас кард ва, қарор буд, ба наздикӣ истифодаашро шуруъ кунад.

Ozodi.org 

СБУ гуфт, аз як ҳамлаи азими рахнагарони рус ҷилавгирӣ кард

Хадамоти амнияти давлатии Украина (СБУ) гуфт, ки рӯзи 16-уми март аз як ҳамлаи азими рахнагарони рус болои иттилои махфии давлатӣ ҷилавгирӣ намуд. СБУ гуфт, ҳадафи рахнагарон “дастрасӣ ба иттилои фавқулодда сиррии давлатӣ” буд. СБУ Хадамоти амнияти федеролии Русия ё ФСБ-ро дар он гунаҳгор кард, ки ин ҳамларо ташкил кардааст. Дар гузашта ҳам Киев Маскавро барои ташкили ҳамлаҳои азими интернетӣ ҳамчун бахше аз “ҷанги гибрид”-и зидди Украина айбдор карда буд, вале Русия ин иттиҳомро рад мекунад.  ФСБ  то ҳол ба  иттиҳомоти ахир посух надодааст.

Ozodi.org 

Дар ҳамла ба донишҷӯёни афғон ду нафар кушта шуд

16-уми март дар як ҳамла ба автобусе, ки донишҷӯёнро  дар шимолушарқи Афғонистон интиқол медод, ду нафар, аз ҷумла, як донишҷӯ ва ронандаи автобус кушта шуда, шаш нафар маҷрӯҳ шуданд. Вазорати умури дохилии Афғонистон гуфт, ки ҳодиса дар вилояти Бағлон рух дод ва Толибонро дар ин ҳодиса гунаҳгор донист. Вале гурӯҳи шӯришӣ ҳама гуна дахолаташ дар ин ҳодисаро рад кардааст. Ин яке аз охирин ҳодисаҳои пурхушунат дар Афғонистон аст, ки моҳҳои охир авҷ гирифтаст. Дар ҳодисаи дигаре афроди мусаллаҳ ба муҳофизони як обанборе дар Ҳирот ҳамла карда... Читать дальше...

Ozodi.org 

ИМА артиши Мянмарро дар “саркӯби бераҳмона”-и эътирозгарон муттаҳам кард

ИМА артиши Мянмарро дар «саркӯби бераҳмонаи эътирозгарони сулҳомез” айбдор кард. Ин дар ҳолест, ки дар фазои саркӯбҳои афзоишёбанда ва истифодаи нирӯ алайҳи эътирозгарон бисёриҳо шаҳри Рангунро тарк мекунанд. Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен рӯзи 16-уми март, зимни боздид аз Токио низомиёни ғасбкардаи қудрат дар Мянмарро  барои  саркӯби маргбори эътирозгарон, ки танҳо ду рӯз пеш 74 кушта бар ҷой гузоштааст, маҳкум намуд. Ӯ гуфт: “Дар Мянмар низомиён талош доранд, ки натиҷаҳои интихоботи демокртиро... Читать дальше...

Sputnik Тоҷикистон (sport) 

Деҳлӣ мизбони чемпионати Осиё мешавад

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, Чемпионати имсолаи Конфедератсияи бокси Осиё ё худ "АSBC" дар Ҳинд баргузор мешавад

Ozodi.org 

Мақомот барои таҷлили ишғоли нимҷазираи Қрим маҳдудиятҳои коронавирусро сабук карданд

Мақомот дар Қрими таҳти назорати Русия ба хотири таҷлил аз ҳафтумин солгарди ишғоли нимҷазираи украинӣ маҳдудиятҳои марбут ба коронавирусро сабук карданд. Сергей Аксенов, раҳбари аз  Маскав таъиншудаи Қрим рӯзи 15-уми март қарореро имзо кард, ки бар асоси он баргузории маъракаҳои ҷашнӣ иҷоза дода мешавад. Матни қарор  дар вебсайти ҳукумати ишғолгар гузошта шудааст. Бар асоси ин санад, рӯзи 18-уми март дар ин минтақа маросимҳое бо иштироки гуруӯҳои рӯ ба Кремлини мисли маҳфили  байкерҳои “Гургҳои шаб” барпо мешаванд. Читать дальше...

Ozodi.org 

"Дарс диҳем, ё ба суоли муфаттишон посух гӯем?" Муаллимон тафтиши додситонҳоро нозарур мешуморанд

Гурӯҳе аз омӯзгорони шаҳри Хоруғ аз тафтишҳои пайдарпайи маъмурони додситонӣ шикоят карда, гуфтанд, барои камбудҳои хурд онҳоро ҷарима мебанданд. Додситони вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гуфт, танҳо иҷрои қонунро дар мактабҳо назорат кардаанд.

Ozodi.org 

Мурофиа бар асоси шикояти Навалний ба таъхир гузошта шуд

Як додгоҳӣ низомӣ, ки қарор буд даъвои  мунаққиди зиндонии Кремлин Алексей Навалнийро аз рад шудани таҳқиқи ҷиноии қазияи заҳролудшавии ӯ дар моҳи августи соли 2020 баррасӣ мекард,  ба таъхир гузошта шуд. Додраси додгоҳи Гарнизони 234-ум мурофиаро то 22-юми март ба таъхир гузошт, чун Навалний гуфт, ки намехоҳад дар ин мурофиа аз зиндон тавассути конфронси видеоӣ иштирок кунад. Навалний, ки чанд рӯз пеш ба зиндони рақами 2-и шаҳри Покров интиқол дода шуд, гуфт, ки дар ин муассиса назорат аз пушти... Читать дальше...

Ozodi.org 

Энтони Блинкен дар Ҷопон аз ҳамкориҳои иқтисодиву сиёсӣ мегӯяд

Энтони Блинкен дар нахустин сафари хориҷиаш дар мақоми Котиби давлатии ИМА ба равобити иқтисодиву амниятии  амиқтару қавитар бо Ҷопон даъват кард. Дар сафар ба Осиё, ки дар пасманзари афзоиши тақозоҳои Чин баргузор  мешавад,  ӯро вазири дифоъ Ллойд Остин ҳам ҳамроҳӣ мекунад. Баъди як ҳамоиши маҷозии ҳафтаи гузашта бо иштироки мақомоти ИМА, Ҷопон, Австралия ва Ҳинд, ки бо номи эътилофи “Чаҳоргона” маъруф аст, ин аввалин бор аст, ки мақомоти баландпояи ҳукумати кунунии Амрико ба сафари Токио ва Сеул рафтанд. Читать дальше...

Ozodi.org 

Тоҷике дар ИМА барои ташкили арӯсии дурӯғин барои грин-корт ҳабс шуд

Додгоҳ дар аёлати Каролинаи шимолии Амрико як зодаи Тоҷикистонро барои хостгорӣ кардани як зани маҳаллӣ ба марди гурҷӣ ва ташкили издивоҷи тақаллубӣ ба хотири ба даст овардани ҳақи иқомат дар ин кишвар ба 8 моҳи зиндон маҳкум кард. Додситонии аёлоти Королинаи шимолӣ рӯзи 15-уми март эълон кард, ки Тоҷиддин Раҳимов, зодаи 47-солаи Тоҷикистон ба гуноҳи хеш дар ташкили издивоҷи тақаллубӣ иқрор шуд ва додгоҳ ба ин ҷурм ӯро 8 моҳ аз озодӣ маҳрум сохт. Ба гуфтаи додситонӣ, Раҳимов як хонуми Амрикоиро... Читать дальше...

Ozodi.org 

Ҳушдор аз коҳиши кӯмакҳои байналмилалӣ барои Афғонистон

Як созмони ғайридавлатии амрикоӣ ҳушдор дод, ки кам кардани ёриҳои байналмилалии башарӣ метавонад ҳукумати Афғонистонро дубора ба вазъи бебандубориҳои солҳои 1990 баргардонад. Ҳушдори Ҷон Сопко, нозири калони масоили бозсозии Афғонистон рӯзи  16-уми март садо дод ва ин дар ҳолест, ки то ҳол ИМА, Русия ва дигар кишварҳо  дар талоши азсаргирии музокироти сулҳ ҳастанд ва 1-уми май барои маъмурияти президент Ҷо Байден ҳамчун охирин рӯзи берункашии нирӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон мебошад. Сопко дар сӯҳбат бо оҷонсии Рейтерс гуфт... Читать дальше...

Ozodi.org 

Левон Тер-Петросян истеъфои Никол Пашинянро тақозо кард

Нахустин президенти Арманистон Левон Тер-Петросян  ба гуфтааш, “ба хотири манфиати мардум” истеъфои билофосилаи нахуствазир Никол Пашинянро тақозо кард. Тер-Петросян гуфт, Пашинян бояд ихтиёран аз мақом истеъфо диҳад, “бо масунияти қонунӣ”-и парлумон бархӯрдор шавад ва муваққатан кишварро тарк кунад. Дар матлабе, ки дар вебсайти ilur.am ба забони англисӣ нашр шуд, президенти собиқ гуфт, агар чунин кор шуд, як нафари беҳизбу бетараф бояд ба мақоми иҷрокунандаи вазифаи нахуствазир сари кор ояду бетараф... Читать дальше...

Ozodi.org 

Нокомии варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи ҷудои Осиё дар Қазоқистон

Дар мусобиқаи бози ҷудои Осиё (Aktau Asian Open 2021), ки рӯзҳои 13-14-уми март дар шаҳри Оқтови Қазоқистон баргузор шуд, варзишгарони тоҷик ноком гаштанд. Ба иттилои сомонаи Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар ин мусобиқа 198 варзишгар (110 мард ва 88 зан) аз 6 кишвар - Австралия, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон - ширкат дошт. Тоҷикистонро ду гуштигир - Амриддин Шарифов (дар вазни то 66 кг) ва Хушвақт Идиев (дар вазни то 81 кг) – намояндагӣ карданд, вале ҳарду... Читать дальше...

Ozodi.org 

Мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё дар Деҳлӣ доир мешавад

Шаҳри Деҳлӣ мизбони мусобиқаи қаҳрамонии имсолаи Конфедератсияи бокси Осиё (ASBC) тасдиқ шуд. Ин чорабинӣ аз 21-ум то 31-уми майи имсол баргузор хоҳад шуд ва пойтахти Ҳиндустон беҳтарин муштзанҳои Осиёро ду моҳ пеш аз Бозиҳои олимпӣ истиқбол хоҳад кард. Дар ин бора сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, интизор меравад, ки қувваозмоиҳо дар толори варзишии “KH Jadhav”, макони баргузории қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон дар соли 2018, баргузор мешаванд. ... Читать дальше...

Ozodi.org 

Фаронса, Олмон ва Италия гузаронидани ваксинаи "AstraZeneca"-ро мутаваққиф карданд

Фаронса, Олмон ва Италия рӯзи душанбеи 15-уми март ба кишварҳое пайвастанд, ки гузаронидани ваксинаи "AstraZeneca"-ро боздоштанд. Дар ҳамин ҳол, Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз кишварҳои ҷаҳон хост, ки раванди ваксиназаниро мутаваққиф накунанд. Ҳолланд ва Ҷумҳурии Ирланд чанд рӯз пеш раванди гузаронидани ваксинаи сохти ширкати бритонӣ-швейдӣ -- AstraZeneca-ро боздоштанд ва Дания ва Норвегия низ аз таъсири номатлуби ин дору ба бадан, мисли лахташавии хун ё хунрезӣ бар асари гузаронидани ин ваксина, гузориш доданд. Читать дальше...

Ozodi.org 

Дар Дума шумори низомиҳои кушташудаи рус дар Сурияро эълом карданд

Муовини раиси кумитаи дифои Думаи давлатии Русия Андрей Красов гуфт, дар натиҷаи амалиёти низомӣ дар Сурия 112 низомии ин кишвар кушта шудааст. Русия аз 30 сентябри соли 2015 дар Сурия расман амалиёти низомӣ мегузаронад. Дар бораи кушта шудани 112 низомии рус дар ин амалиёт фармондеҳи нерӯҳои ҳавоиву кайҳонии Русия Виктор Бондарев ҳанӯз дар соли 2018 хабар дода буд. Бино ба иттилои хабаргузориҳои ҷаҳонӣ, шумори низомиёни кушташудаи рус дар Сурия аз 112 нафар хеле бештар аст. Ба иттилои хабаргузории "Reuters"... Читать дальше...

Ozodi.org 

Пулиси Алмато эътирозгаронро ба консулгарии Чин роҳ надод

Пулиси шаҳри Алматои Қазоқистон рӯзи 15-уми март ба гуруҳи тазоҳургарон, ки беш аз як моҳ мешавад, бо талаби раҳоии наздикони боздоштшудаашон дар Шинҷон эътироз доранд, иҷозат надод ба бинои консулгарии Чин ворид шаванд. Фаъоли қазоқ Байболат Кунболатулӣ бо як пахши мустақим дар шабакаи иҷтимоии "Фейсбук" хабар дод, ки кормандони пулис пеши роҳи гуруҳи эътирозгаронро чандсад метр дуртар аз бинои консулгарӣ гирифтанд. Ба гуфтаи фаъолон, кормандони пулис гуфтаанд, шаҳр аз нигоҳи теъдоди мубталоёни коронавирус ба минтақаи "сурх" шомил шудааст... Читать дальше...




Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media






Топ новостей на этот час

Rss.plus





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *