Добавить новость
World News in Tajik
Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer


Март
2021

Новости за 18.03.2021

Ozodi.org 

ИМА, Русия, Чин ва Покистон хостори оташбаси фаврии Афғонистон шуданд

Иёлоти Муттаҳида, Русия, Чин ва Покистон дар якҷоягӣ ҷонибҳои даргири Афғонистонро ба оташбаси фаврӣ даъват карданд. Изҳороти муштараки чаҳор кишвар дар ҳоле садо дод, ки то фурсати ниҳоии берунрафти нерӯҳои ИМА аз Афғонистон пас аз тақрибан 20 сол вуруди онҳо ҳамагӣ шаш ҳафтаи дигар мондааст. "Дар ин нуқтаи чархиш чаҳор кишвари мо ҷонибҳоро ба гуфтушунид ва сулҳе даъват мекунанд, ки бояд ба ҷанги зиёда аз чиҳилсолаи Афғонистон хотима диҳад", - омадааст дар изҳороти муштараке, ки пас аз анҷоми гуфтушунид дар Маскав рӯзи 18 март нашр шуд. Читать дальше...

Ozodi.org 

Ҳукми 22 сокини ноҳияи Сӯхро эълон карданд

Додгоҳи вилояти Фарғона 22 сокини ноҳияи Сӯхро, ки ба "бетартибиҳои оммавӣ" гумонбар буданд, ҷазо додааст. Дар ин минтақа, ки дар ҳудуди Узбекистон ҷойгир, вале аз чаҳор тараф дар иҳотаи Қирғизистон аст, тоҷикон зиндагӣ мекунанд.

Ozodi.org 

Оё коронавируси нав аз байн меравад? ВИДЕО

Ҳеч касе посухи қатъии ин суолро намедонад. Ба андешаи донишмандон, вирусе, ки бемории COVID-19-ро бармеангезад, шояд даҳсолаҳо бо мо бимонад, вале ин бад он маъно нест, ки таҳдиду хатараш ҳамингуна азим хоҳад буд.

Sputnik Тоҷикистон (sport) 

Шестаков: Самбочиёни тоҷик метавонанд дар Ҷоми ҷаҳон дар Маскав медалҳои тилло бигиранд

Василий Шестаков, президенти Федератсияи байналмилалии самбо, Мураббии шоистаи Русия, чунин мешуморад, ки дар Осиё як мактаби хуби самбо мавҷуд аст ва ҳар миллат нозукии худро дар гуштӣ дорад

Ozodi.org 

Тоҷикистон аз истифодаи ваксинаи AstraZeneca даст намекашад

Мақомоти тандурустӣ имрӯз зимни як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфтанд, аз истифодаи ваксинаи AstraZeneca даст кашидани нестанд.Тафсилот дар гузориши Амриддин Олимов ва Муллораҷаб Юсуфӣ аз шаҳри Душанбе.

Ozodi.org 

Вокуниши шадиди Кремл ба суханони президенти ИМА дар бораи Путин

Имрӯз Русия ба изҳороти Ҷо Байден президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки раисҷумҳури Русияро "як қотил" номида ба ӯ ваъда додааст, ки нархи дахолат ба интихоботи президентӣ дар Амрикоро "ба зудӣ пардохт хоҳад кард", вокуниш нишон дод.

Ozodi.org 

Тоҷикистон, Амрико ва Афғонистон ҳамкориҳои амниятиро баррасӣ карданд

Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, Афғонистон Муҳаммад Ҳаниф Атмар ва муовини котиби давлатии ИМА дар масъалаҳои сиёсӣ Дэвид Ҳейл дар як ҷаласаи видеоӣ ҷараёни ҳамкориҳои сеҷонибаро барои тақвияти амният ва густариши ҳамкориҳо баррасӣ карданд. Дар ин бора рӯзи 17 март Департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод. Ба гуфтаи ин манбаъ, "ҷонибҳо омодагии худро барои ҳамшарикӣ ва ҳамкорӣ дар роҳи мусоидат ба сулҳи пойдор, амният ва рушди иқтисодӣ иброз доштанд." Дар паём гуфта мешавад... Читать дальше...

Ozodi.org 

Тихановская аз Амрико хост, ба Лукашенко фишори бештар биорад

Раҳбари мухолифони ҳукумати Беларус, Светлана Тихановская, аз Амрико хост, ба раҳбари худкомаи ин кишвар Александр Лукашенко фишори бештар орад, то ӯ давъвати мухолифонро барои гуфтугӯ бипазирад ва хостҳои онҳоро қабул кунад.

Ozodi.org 

G7 дар ҳафтумин солгарди ‘ишғоли Қрим» Русияро сахт танқид кард

Ҳатфгонаи кишварҳои пешрафтаи саноатии ҷаҳон ё G7 ҳафтумин солгарди аннексия шудани Қримро аз тарафи Русия бо таъкиди "дастгирии бечунучаро"-и истиқлолият, соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии Украина дар доираи марзҳои эътирофкардаи ҷомеаи байналмилал ёдоварӣ кард. Дар як изҳороти муштараки рӯзи 18 март вазирони корҳои хориҷии Бритониё, Канада, Фаронса, Олмон, Италия, Ҷопон ва ИМА ва ҳамчунин масъули сиёсати хориҷии ИА "ишғоли муваққатии Қрим аз тарафи Русия” ва “поймол шудани ҳуқуқи инсон, махсусан... Читать дальше...

Ozodi.org 

Вазорат гуфт, ки Тоҷикистон аз ваксинаи AstraZeneca даст намекашад. ВИДЕО

Бо вуҷдуи Тоҷикистон аз истифодаи ваксинаи "Астразенека" худдорӣ намекунад. Дар ин бора Самариддин Ализода, муовини вазири тандурустӣ рӯзи 18-уми март зимни як нишасти хабарии вижа дар Душанбе хабар дод.




Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media






Топ новостей на этот час

Rss.plus





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *