Добавить новость
World News in Tajik
Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer


Декабрь
2021

Новости за 29.12.2021

Ozodi.org 

Радиои Озодӣ зиндагии инҳоро дигар кард

Ҳар рӯз чандин нафар барои арзи дил, ҷустуҷӯи адолат ва дарёфти ёрӣ дари Радиои Озодиро мекӯбанд. Баъзе аз он норозиянд, ки хонаву заминашонро аз даст додаанд. Дигарон аз надоштани сармояву беморӣ шикоят доранд. Иддае мехоҳанд, мақомот ба ҳаққашон эҳтиром гузоранд. Баъзе аз гузоришҳои Радиои Озодӣ ба сарнавишти одамон таъсир гузошта, рӯзгори гуруҳеро тағйир доданд ва ё ҷараёни воқеаву ҳодисаҳоро дигар карданд. Намунаҳояшро дар ин видео бубинед.

Ozodi.org 

Дастурхони солинавии тоҷикон хурдтар мешавад?

Дар Тоҷикистон хӯриш ё салати оливйе яке аз маъруфтарин хӯриш дар шаби Соли нави милодист. Имсол мардум дар кишвар аз ин навъи пешхӯрок камтар таҳия мекунанд, чун мегӯянд, ки қимати ҳама маҳсулоти лозим барои таҳияи он боло рафтааст.

Ozodi.org 

Вакилон ба ширкати тоҷикиву чинӣ имтиёз доданд, вале бо шарт

Вакилони Маҷлиси Намояндагон ба "Зарафшон", корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин, имтиёз доданд. Мақомот гуфтанд, ширкат дар Панҷакент коргоҳи нав месозад ва барои ҳамин аз пардохти молиёт (андоз) ва боҷи гумрукӣ озод аст.

Ozodi.org 

Кӯдакони афғон дар Душанбе ҳаққи худро аз Толибон хостанд

Як гуруҳ аз кӯдакони афғонистонӣ дар Тоҷикистон дарду мушкили мардуми худро дар саҳнае ба намоиш гузошта, хоҳони эҳтиром ба ҳаққи худ шуданд. Бино бар он намоишнома, падаре монеи идомаи таҳсили духтараш мешавад, ки бисёр мехост табиб шавад. Идомаро дар навор бинед.

Ozodi.org 

Се кишвари аврупоӣ гуфтугӯи ҳастаӣ бо Эронро "изтирорӣ" хонданд

Пас аз як рӯзи оғози даври ҳаштуми музокироти эҳёи созиши ҳастаӣ бо Эрон дар Вена, гуфтугӯкунандаҳои се кишвари аврупоӣ – Бритониё, Фаронса ва Олмон – рӯзи 28-уми декабр вазъияти ин гуфтугӯро "изтирорӣ" хонданд.

Ozodi.org 

WHO гуфт, омикрон метавонад, шифохонаҳоро аз беморон пур кунад

Cозмони Ҷаҳонии Тандурустӣ (WHO) рӯзи 28-уми декабр ҳушдор дод, ки омикрон – навъи тағйирёфтаи коронавирус – метавонад, шифохонаҳои кишварҳои ҷаҳонро аз беморон пур кунад, агарчӣ таҳқиқот нишон додааст, ки омикрон гирифторонро сахт бемор намекунад.

Ozodi.org 

Варзиши тоҷик. Баъзе дастовардҳои сол, аммо бе медали олимпӣ

Мавсими варзишии имсола ба поён расид. Бархе аз варзишгарони тоҷик дар соли 2021 дар мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ ва байналмилалӣ ба як силсила дастовардҳо мушарраф шуданд. Дар ин гузориш нигоҳе дорем ба бурду бохти варзиши тоҷик дар соле, ки сипарӣ мешавад.

Ozodi.org 

Варзиши тоҷик. Соли дастовардҳо, аммо бе медали олимпӣ. ВИДЕО 

Мавсими варзишии имсола ба поён расид. Бархе аз варзишгарони тоҷик дар соли 2021 дар мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ ва байналмилалӣ ба як силсила дастовардҳо мушарраф шуданд. Дар ин гузориш нигоҳе дорем ба бурду бохти варзиши тоҷик дар соле, ки сипарӣ мешавад.

Ozodi.org 

Соли дастовардҳо, аммо бе медали олимпӣ барои варзиши тоҷик 

Мавсими варзишии имсола ба поён расид. Бархе аз варзишгарони тоҷик дар соли 2021 дар мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ ва байналмилалӣ ба як силсила дастовардҳо мушарраф шуданд. Дар ин гузориш нигоҳе дорем ба бурду бохти варзиши тоҷик дар соле, ки сипарӣ мешавад.

Ozodi.org 

Сиёсатмадори боздоштшудаи қирғиз гуфтугӯ бо мақомдоронро рад кард

Бахтибек Қулмаҳмадов, сиёсатмадори боздоштшудаи қирғизистонӣ хабар дод, ки аз номи вай изҳороти дурӯғ нашр мекунанд. Муроҷиатномаи сиёсатмадорро вакили мудофеи вай Мирзоойим Қамчибекова нашр кард. Қулмаҳмадов иттилоеро рад кард, ки бино бар он, гӯё бо мақомот гуфтугӯ дорад ва зидди сиёсатмадорони дигар - Иcмоил Исҳоқов, Аҳматбек Келдибеков, Омурбек Текебоев ва Жилдизхон Ҷолдошова - баёнот медиҳад. Қулмаҳмадов ҳамчунин гуфтааст, ки ғайриқонунӣ боздошт гардидааст. Вакили пешини порлумони Қирғизистон... Читать дальше...

Ozodi.org 

Назарбоев дар мулоқот бо Путин аз "рӯёрӯии дастаҷамъонаи Ғарб зидди Русия" гуфт

Нурсултон Назарбоев, президенти пешини Қазоқистон дар мулоқот бо президенти Русия Владимир Путин гуфт, ки Москва "ҳодисаҳои вазнин"-ро аз сар мегузаронад ва аз "рӯёрӯии дастаҷамъонаи Ғарб зидди Русия" ёдовар шуд. Сарфи назар аз чанд ҳамлаи лафзӣ аз сӯи сиёсатмадорон ва афроди расмии Русия нисбати Қазоқистон - изҳорот оид ба ҳудуд, мавқеи забони русӣ ва муносибат бо забони русӣ дар Қазоқистон - Назарбоев муносибатҳои ду кишварро "намунавӣ" унвон кард. Путин, ки ҳамин сол гуфта буд, баъди пошхӯрии... Читать дальше...

Ozodi.org 

Кӯдакони аз 12 то 18-соларо дар Узбекистон ваксинаи Pfizer заданд

Дар Узбекистон барои кӯдакони аз 12 то 18-сола, то рӯзи 27-уми декабр, бештар аз 600 ҳазор вояи ваксинаи Pfizer истифода шудааст. Ба иттилои вазорати ҳифзи тандурустии он кишвар, бештар аз 432 ҳазор кӯдак як воя ва зиёда аз 174 ҳазор кӯдак ду воя ваксинаи зидди коронавирус гирифтаанд. Ба иттилои ниҳоди мазкур, аз оғози ваксиназании сартосарӣ дар моҳи апрел дар Узбекистон то ин замон 38 миллиону 680 ҳазор вояи ваксинаи зидди коронарвирус истифода шудааст. Дар он кишвар, ба иттилои расмӣ, дар маҷмуъ 1484 кас аз коронавирус фавтидааст.




Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media






Топ новостей на этот час

Rss.plus





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *