Добавить новость
World News in Tajik
Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer


Декабрь
2021

Новости за 06.12.2021

Ozodi.org 

Бадрафторӣ, таҷовуз ва безурётсозии занон. Гузориш аз урдугоҳҳо дар Чин. ВИДЕО

Аз вуҷуди урдугоҳҳои тарбиявӣ дар Чин ҷаҳониён бори аввал дар соли 2017 хабар ёфтанд. Бандиёни собиқи урдугоҳҳо қиссаҳои тарснокеро нақл мекунанд, аз ҷумла дар бораи бадрафториҳои пайваста, таҷовузи ҷинсӣ ва безурёт кардани бандиён.

Ozodi.org 

Русия ба пойгоҳаш дар Тоҷикистон 30 танки дигар фиристод

Пойгоҳи 201-уми Русия, ки дар Тоҷикистон ҷойгир шудааст, рӯзи 6-уми декабр соҳиби 30 танки наву замонвии навъи Т-72Б3М шуд. Хабаргузории русии ТАСС бо такя ба изҳороти Вазорати дифои Русия менависад, ки ин танкҳо хусусиятҳои такмилшудаи ҷангӣ доранд. Танкҳои нав ҷои танкҳои қадимаро мегиранд. Танкҳои нав системаҳои дифоии беҳтар дошта, тавассути низоми мухобиротии "Акведук" ва ҳадафи бисёрсамтаи  "Сосна-У" кор мекунад.   Пойгоҳи 201-уми Русия, ки бузургтарин пойгоҳи низомии ин кишвар дар хориҷа мебошад... Читать дальше...

Ozodi.org 

Ахбори Озодӣ аз 6-уми декабри соли 2021 (Пахши зинда)

Ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳабси барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел аз тарафи мақомоти Мянмарро маҳкум кард, сайри пинҳонӣ ба урдугоҳҳои бозтарбияи мусулмонон дар Чин, рӯзгори сахти зани аробакаш, Фаррух Рӯзиматов сарбалетмейстери театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ таъйин шуд ва матолиби дигар.

Ozodi.org 

Эҳтимол блогери ҷанҷолии тоҷикро аз Русия биронанд

Эҳтимол дорад, ки Чоршанбе Чоршанбиев, блогер ва размкори муҳорибаҳои бидуни қоида ё ММА-ро аз қаламрави Русия ихроҷ кунанд. Ӯро рӯзи 3-уми декабри соли ҷорӣ бо иттиҳоми ҳаракати хатарнок бо мошин дар дохили тунели Лефортово дар Маскав боздошт карданд ва ба ҷавобгарии маъмурӣ кашиданд. Манбаъҳо дар сохторҳои ҳифзи қонун ба хабаргузории ТАСС гуфтаанд, ки барои ин қонуншиканӣ Чоршанбиевро метавонанд аз Русия ихроҷ кунанд. Ҳукмро додгоҳи шаҳри Маскав содир хоҳад кард. Худи Чоршанбиев дар бозпурсиҳо... Читать дальше...

Ozodi.org 

Узбекистон бо 8 қатора шаҳрвандонашро аз Русия меорад

"Роҳи оҳани Узбекистон" дар моҳи декабр барои овардани шаҳрвандонаш аз Русия 8 қатораи иловагӣ роҳандозӣ кардааст. Қатораи нахустин рӯзи 4 декабр ба роҳ баромадааст. Қатораҳои боқимонда рӯзҳои 6, 10, 13, 17, 20, 24 ва 27 декабр ба роҳ хоҳанд баромад. Билет барои ин қатораҳо танҳо аз як самт - аз Русия ба Узбекистон фурӯхта мешавад. Муштариҳо ҳамчунин метавонанд, билетҳоро ба таври электронӣ харидорӣ кунанд.

Ozodi.org 

"Гуфтам, чаро пинҳонӣ ин корро кардӣ?"

Дар ноҳияи Фархор додгоҳ баҳси деринаи бародару хоҳар барои як хонаро ба фоидаи писар ҳал кард ва амр дод, ки оила хоҳар хонаро холӣ кунад. Ҳоло дар фасли зимистон 21 узви як хонавода дар кӯча мондаанд.

Ozodi.org 

Дар кӯли Сарез шабакаи дидбонии кайҳонии Чин ба кор даромад

Академияи илмҳои Чин эълом дошт, ки якҷоя бо Академияи илмҳои Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ва дигар воҳидҳо Истгоҳи дидбонии сарбанди кӯли Сарезро дар Тоҷикистон ба кор даровард. Ин ниҳод аз чаҳор бахш иборат буда, ҳама гуна дигаргуниҳои сарбанди Сарезро дар сатҳи миллиметрӣ ба воситаи моҳвора хабар медиҳад. Он аз нерӯи офтоб барқ мегирад ва яке аз навтарин дастовардҳои технологии Чин дар хориҷ аз он кишвар шумурда мешавад. Дар хабари расонаҳои Чин гуфта намешавад... Читать дальше...

Ozodi.org 

Роҳбари мухолифони Мянмар ба 4 сол зиндон маҳкум шуд

Додгоҳи Мянмар мушовири пешини давлатӣ ва барандаи ҷоизаи Нобел Аун Сан Сучиро чаҳор сол зиндонӣ кард. Ӯро дар иғвогарӣ ва риоя накардани маҳдудиятҳои марбут ба вабои коронавирус айбдор карданд. Ин нахустин ҳукм нисбати Аун Сан Сучи аст, ки баъди сари қудрат омадани низомиён эълом мешавад. Нисбати Суч чанд парвандаи дигар, бо айбҳои гуногун, таҳқиқ мешавад. Аун Сан Сучи 76 сол дорад. Дар соли 2016 вай ба курсии мушовири давлатӣ нишаст ва амалан ҳукумати Мянмарро роҳбарӣ мекард. 1-уми феврали... Читать дальше...

Ozodi.org 

Ду сокини Турсунзодаро барои ҷинояти 24 сол пеш зиндон карданд

Додгоҳи шаҳри Турсунзода, ду нафарро барои ҷиноятҳояшон дар замони ҷанги дохилӣ ба 15-солии зиндон маҳкум кардааст. Додситонии кулл рӯзи 6-уми декабр бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, ки Исмоил Самиев ва Рамазон Мурадов, ки узви гуруҳи муташаккили ҷиноие будаанд, дар давоми солҳои 1996-1998 бо силоҳҳои гуногун мусаллаҳ шуда ва ҷиноятҳои махсусан вазнине ба мисли бандитизм, роҳзанӣ ва куштор содир кардаанд. Назари адвокат ва пайвандони ин ду нафар маълум нест. Боздошти афроде, ки дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ҷиноят содир кардаанд... Читать дальше...

Ozodi.org 

Ситораи балет, Фаррух Рӯзиматов, раҳбари театри Тоҷикистон шуд

Фаррух Рӯзиматов, ҳунарманди шоистаи балети Тоҷикистон ва ҳунарманди мардумии Русия аз театри “Мариинский”-и Санкт-Петербург аз имрӯз, 6-уми декабр сарбалейтместери театри опера ва балети Тоҷикистон таъйин шудааст.

Ozodi.org 

Манучеҳр Сафаров ба дастаи беҳтаринҳои Лигаи қаҳрамонҳои Осиё номзад шуд

Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) 11 нафар беҳтаринҳои мусобиқаи имсолаи Лигаи қаҳрамонҳои Осиёро тибқи раъйдиҳии мухлисон интихоб мекунад. Дар рӯйхати номзадҳо, инчунин бозигари дастаи “Истиқлол”-и Душанбе Манучеҳр Сафаров низ дохил аст.

Ozodi.org 

Попи Рум: "Аврупо вориди асри деворҳо ва симхор шудааст"

Поп Франсис, раҳбари католикҳои ҷаҳон рузи якшанбеи 5-уми декабр ҳини боздид аз урдугоҳи паноҳандагон дар ҷазираи Лесбоси Юнон, истифодаи кишварҳо аз буҳрони паноҳандагон барои ҳадафҳои сиёсиро маҳкум кард. Поп Франси, ки ба урдугоҳи "Моврунӣ" рафта буд, амалкарди бархе раҳбарони кишварҳои аврупоиро барои сохтани девор ва кашидани симхор барои пешгирӣ аз ворид шудани муҳоҷирон, "дардовар" хонд. Вай ҳамчунин аз ворид шудани Аврупо ба "асри деворҳо ва симҳои хордор" ибрози таассуф кард ва ибораи... Читать дальше...

Ozodi.org 

BYPOL: Хонаводаи Боқиев ба Лукашенко $1,6 млн пора додааст

Иттиҳоди қудратиҳои Белорус (BYPOL) 3-юми декабр дар бораи онҳое, ки ба президенти ин кишвар Александр Лукашенко ришва додаанд, таҳқиқотеро нашр кард. Бино ба маълумоти иттиҳод, хонаводаи президенти пешин ва фирории Қирғизистон Курмонбек Боқиев, аз ҷумла ҳамсари писари хурдияш Айжан Кененбоева аз нигоҳи ҳаҷми пора дар рӯйхат дар мақоми дувум меистад. Муаллифони таҳқиқот гуфтаанд, келини Боқиев соли 2018 ба Лукашенко мошини навъи Mercedes-Maybach S600 Pullman Guard "туҳфа" кардааст, ки на камтар 1,4 млн евро арзиш дорад. Читать дальше...

Ozodi.org 

"Истиқлол" дар Лигаи қаҳрамонҳо, "Хуҷанд" ва КМВА дар Ҷоми AFC-2022 бозӣ мекунанд

Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ, ки бори сиюм баргузор шуд, ба поён расид. Дар даври охирини мусобиқа, ки 5-уми декабр доир гардид, барандаи медали биринҷӣ ва дастаи дуюме, ки лигаи олиро тарк мекунад, муайян шуданд. КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Душанбе, ки дар даври 27-ум дар майдони худ «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷандро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод, соҳиби ҷойи сеюм ва медалҳои биринҷӣ гардид.    «Кӯктош»-и Рӯдакӣ, ки бозии охиринашро ба дастаи меҳмон - «Истиқлол»-и Душанбе ... Читать дальше...

Ozodi.org 

Занозании муҳоҷирони қирғиз ва узбек дар Маскав

Як гуруҳи муҳоҷирони корӣ аз Қирғизистон ва Узбекистон дар ноҳияи Басмани Маскав занозанӣ кардаанд. Ба навиштаи "Коммерсант", ҳодиса 2-юми декабр дар кӯчаи ба номи Машкова рух додааст. Пулис як рӯз баъд аз занозанӣ 11 нафар - 7 шаҳрванди Қирғизистон ва 4 сокини Узбекистонро дастгир кардааст. Дар натиҷаи занозанӣ се кас осеб дидаанд. "Зидди гумонбарон бо банди майдаавбошӣ санад тартиб дода шудааст. Санҷиши пешакӣ идома дорад", - навиштааст "Коммерсант". Канали телеграмии "Mash" иттилоъ додааст... Читать дальше...

Ozodi.org 

Ҳашт шаҳрванди Тоҷикистон барои ҳамлаи мусаллаҳона дар Русия зиндонӣ шуданд

Додгоҳе дар вилояти Москваи Русия 8 шаҳрванди Тоҷикистонро ба муҳлати аз 8,5 то 16 сол аз озодӣ маҳрум кард. Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо истинод ба додситонии вилояти Москва хабар додааст. Ному насаби маҳкумшудаҳо оварда нашудааст. "Додгоҳ муайян кард, ки шаш нафари гумонбарон узви гуруҳи мусаллаҳе буданд, ки ба хонаҳои соҳибкорон дар шаҳр ва вилояти Москва ҳамла мекарданд. Онҳо аз хонаҳо пул, ашёи гаронарзиш ва силоҳ медуздиданд. Ҳаҷми умумии хисорот ба беш аз 11,5 млн рубл мерасад", - омадааст дар иттилоияи додситонӣ. Читать дальше...

Ozodi.org 

Ҳашт медали паҳлавонони ҷавони тоҷик дар қаҳрамонии ҷудои Осиё-Уқёнус дар Лубнон

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-Уқёнус байни наврасон ва ҷавонон, ки аз 2-юм то 5-уми декабр дар шаҳри Бейрути Лубнон баргузор шуд, ҳамагӣ ҳашт медал (1  тилло, 2 нуқра ва 5 биринҷӣ) ба даст оварданд. Нахуст гуштигирони навраси тоҷик рӯзҳои 2-3-юми декабр рақобат карда, як медали нуқра ва ду биринҷӣ гирифтанд. Чунонки сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) хабар додааст, дар мусобиқаи наврасон 133 варзишгар (81 писар ва 52 духтар) аз 15 кишвар иштирок карданд. ... Читать дальше...




Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media






Топ новостей на этот час

Rss.plus





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *