Раиси "Амонатбонк" гуфт, ки чаро банкоматҳо холӣ мемонанд. ВИДЕО
Масъулони "Амонатбонк" гуфтанд, баъзе аз муҳоҷирон пулро на тавассути низомҳои интиқоли маблағ, балки бештар ба ҳисоби бонкии хешовандон дар Тоҷикистон мегузаронанд.
Масъулони "Амонатбонк" гуфтанд, баъзе аз муҳоҷирон пулро на тавассути низомҳои интиқоли маблағ, балки бештар ба ҳисоби бонкии хешовандон дар Тоҷикистон мегузаронанд.
Масъулони "Амонатбонк" гуфтанд, баъзе аз муҳоҷирон пулро на тавассути низомҳои интиқоли маблағ, балки бештар ба ҳисоби бонкии хешовандон дар Тоҷикистон мегузаронанд. Ин кор, ба гуфтаи онҳо, "наву соддаву арзон аст", аммо дар охири ҳар моҳ боиси зуд-зуд холӣ шудани банкоматҳо мегардад.
Баҳриддин Валиев, тоҷики муқими Ғозиёнтеппа, ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯ ва хонаводааш аз зилзилаи маргбор дар Туркия ҷон ба саломат бурданд ва ҳоло дар дохили мошин нишастаанд.
Заминларзаи нерӯманд ҳаёти садҳо сокини Туркияву Сурияро аз байн бурд.
Мақомоти интизомии Узбекистон боздошти сухангӯи Вазорати меҳнат ва коҳиши фақри ин кишвар Мавҷуда Мирзоеваро, ки гуфта мешавад дар доираи парвандаи "Kompromatuzb" дастгир шудааст, шарҳ намедиҳанд.
Рӯзноманигори мустақил Идрис Исҳоқовро ба бозпурсӣ ба идораи пулиси шаҳри Уши Қирғизистон даъват кардаанд.
Сардори пешини як шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Қароқалпоқистон дар боздоштгоҳ ҷон додааст.
Як муҳоҷири тоҷик, ки панҷ моҳ пеш дар Маскав нопадид шуда буд, аз худаш дарак додааст.
Корхонаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ба арзёбии зиёни сокинон аз сармои қаҳратуни моҳи январ, ки аз беобӣ ва вайрон шудани қубурҳои обгузар шикоят доштанд, шуруъ кардааст.
То оғози соли 2022 дар Тоҷикистон зиёда аз 17 ҳазор нафар ҳамчун гирифторони бемории саратон сабтином шудаанд. Ин гузориш ба рӯзи ҷаҳонии мубориаз бо саратон (4-уми феврал) омода шуд.
Баъзе аз шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки ҳамзамон шиносномаи Русия доранд, ҳамчун нерӯи эҳтиётӣ ба артиши он кишвар сабтином кардаанд. Мақомоти Русия қазияро шарҳ намедиҳанд. Ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон гуфтанд, сарусадоҳо ҳаст, аммо шикояти расмӣ нест.
Баъзе аз шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки ҳамзамон шиносномаи Русия доранд, ҳамчун нерӯи эҳтиётӣ ба артиши он кишвар сабтином кардаанд. Мақомоти Русия қазияро шарҳ намедиҳанд. Ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон гуфтанд, сарусадоҳо ҳаст, аммо шикояти расмӣ нест.
Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-17) бо роҳбарии сармураббӣ Раҳматулло Фузайлов бозии даври аввали мусобиқаи анънавии байналмилалии «Ҷоми рушд-2023»-ро дар Мински Беларус бо тими наврасони Русия (U-17) бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом дод.
Дар Узбекистон мақомот дастур доданд, ки овезаи таблиғотии ширкати Mobile Retail (Elmakon) барчида шавад. Дар он таблиғот аз сокинон даъват мешуд, ки "Ба зани дуввум ғамхорӣ кунед". Таблиғоти мазкур дар чанде аз минтақаҳои Узбекистон насб шуда буд. Кумитаи рушди рақобат ва ҳифзи ҳуқуқи истеъмолгарони Узбекистон гуфт, таблиғоти ширкат "ғайриахлоқӣ ва ноҷост", хилофи талаботи қонун дар бораи таблиғот, инчнуни "хилофи меъёрҳои ахлоқии ҷомеа" аст. Кумитаи мазкур гуфт, ҳамаи лавҳаҳои таблиғот дар бораи "зани дуввум" барчида шудаанд. Читать дальше...
Тибқи гузоришҳо, бомдоди душанбеи 6-уми феврал заминларзаи 7,8-дараҷаӣ шаҳри Ғозиёнтеппа дар ҷануби Туркияро такон дод.
Дар соли 2022 теъдоди рекордии русиягиҳо ба Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, Муғулистон ва Арманистон ворид шудаанд. Дар ин бора оморҳои хадамоти марзбонии Русия шоҳидӣ медиҳанд. Авҷи воридшавии русиягиҳо ба семоҳаи севуми соли гузашта рост омадааст. Ин ба эъломи сафарбарсоии низомӣ дар моҳи сентябр дар Русия рабт дорад, ки он замон бисёре аз русиягиҳо аз сафарбарсозӣ фирор ва аз кишварашон хориҷ шуданд. Сомонаи хабарии "Медуза" оморҳои Хадамоти марзбонии Русияро омӯхта, ба натиҷа расидааст... Читать дальше...