Дар нооромиҳои Судон 56 нафар кушта шуд
Бино ба иттилои созмони табибони Судон дар пайи даргириҳо дар Хартум, пойтахти ин кишвар дасти кам 56 ғайринизомӣ кушта шудааст. Гуфта мешавад, ки дар задухӯрдҳои байни низомиёни мухолифи ҳукумати кунунӣ ва артиш тақрибан 600 нафар маҷрӯҳ шуданд. Шумори низомиёни кушташуда маълум нест. “Нерӯҳои фаврии мададрасон” эълон кард, ки артиш ба пойгоҳҳои низомӣ дар шаҳри Хартум зарба задааст. Артиши Судон ин иддаоро рад кард. Ба гуфтаи сокинон дар пойтахт ва атрофи шаҳр садои тиру туп шунида мешавад. Читать дальше...