Масъулони "Тонг ҷаҳони" дар Маскав гуфтанд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар бораи бадрафторӣ нисбат ба онҳо дар Қирғизистон ба ин созмон шикоят кардаанд. Ба иттилои манбаъ, ин гуруҳи шаҳрвандон аз Русия ба воситаи фурудгоҳи Бишкек ва Уш (Ош) ба Тоҷикистон мерафтанд.