Добавить новость
World News in Tajik
Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer


Май
2021

Новости за 06.05.2021

Ozodi.org 

Харидорон маҳсулоти "Made in Tajikistan"-ро гарон, вале тоҷирон арзон гуфтанд. ВИДЕО

Эълони намоишгоҳи маҳсулоти "Made in Tajikistan" ва бо нархи нисбатан арзон садҳо нафарро рӯзи 6-уми май дар Кохи Борбади Душанбе ҷамъ овард. Тоҷирон ба арзон будани моли худ пофишорӣ доштанд, аммо сокинон гуфтанд, ки нархи маҳсулот дар муқоиса ба бозорҳо фарқи чандоне надошт.

Ozodi.org 

Мақомот мегӯянд, Қирғизистон 42 шаҳрванди Тоҷикистонро аз қаламраваш берун кардааст. ВИДЕО

Мақомот гуфтанд, ки Қирғизистон дар як ҳафтаи охир 42 шаҳрванди Тоҷикистонро аз қаламраваш рондааст. Аксари онҳо қирғизтаборони ноҳияи Лахш (Ҷиргатол) ва донишҷӯ будаанд.

Ozodi.org 

Сокинон аз нархи маҳсулоти намошгоҳи маҳусулоти Тоҷикистон норизо монданд

Намоишгоҳи фурӯши маҳсулоти Тоҷикистонро, ки имрӯз 6-уми май дар Душанбе баргузор гардид, баъзе сокинон бо норозигӣ аз нархҳои гарон, тарк намуданд. Масъулони ин намоишгоҳ гуфтанд, дар арафаи моҳи Рамазон бо ҳадафи дарстрасӣ ба маҳсулоти арзон чунин чорабиниро ташкил кардаанд.

Ozodi.org 

HRW аз хавфи кам шудани маблағгузорӣ ба низоми тандурустии Афғонистон ҳушдор дод

Human Rights Watch ё Дидбони Ҳуқуқи Башар, қароргоҳаш дар Ню-Йорк, ҳушдор дод, ки коҳиши ҳимояи молии Афғонистон аз сӯи ҷомеаи байналмилалӣ боис ба маҳдуд шудани дастрасии занон ба хадамоти тиббӣ шудааст.

Ozodi.org 

Вазири пешини тандурустии Қазоқистон ба исрофи $4,1 млн пули буҷа айбдор мешавад

Вазири пешини тандурустии Қазоқистон Елжан Биртанов ва муовинаш Олжас Абишев ба исрофи пулҳои буҷа ва расонидани зарари моддӣ ба давлат дар миқдори 1,5 миллиард танга айбдор мешаванд.

Ozodi.org 

Муҳоҷирони тоҷик аз "тамаъҷӯӣ" ва "латукӯб" гуфтанд, Хадамоти марзбонии Қирғизистон рад кард. ВИДЕО

Масъулони "Тонг ҷаҳони" дар Маскав гуфтанд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар бораи бадрафторӣ нисбат ба онҳо дар Қирғизистон ба ин созмон шикоят кардаанд. Ба иттилои манбаъ, ин гуруҳи шаҳрвандон аз Русия ба воситаи фурудгоҳи Бишкек ва Уш (Ош) ба Тоҷикистон мерафтанд.

Ozodi.org 

13 май – Иди Фитр дар Тоҷикистон

Маркази исломии Тоҷикистон рӯзи Иди Фитрро эълон кард. Бино ба қарори Шӯрои уламо, ки 6-уми май қабул шуд, Иди Рамазон дар Тоҷикистон 13-уми май таҷлил мешавад.

Ozodi.org 

Вазири тандурустӣ нав шуд, чӣ тағйир ёфт?

Як сол пеш дар пайи як тағйироти кадрӣ Насим Олимзода аз мансаби вазири тандурустии Тоҷикистон барканор шуд ва ба курсии ӯ Ҷамолиддин Абдуллозода нишаст.

Ozodi.org 

"Манчестер Сити" ва "Челси" ба финали Лигаи қаҳрамонҳои UEFA роҳ ёфтанд

Ду бошгоҳи футболи Англия - “Манчестер Сити” ва Челси», ки дар даври ниманиҳоии Лигаи қаҳрамонҳои UEFA дар мавсими 2020/2021 пирӯзӣ ба даст оварданд, ба финал роҳ пайдо карданд. «Манчестер Сити» дар бозии ҷавобии ниманиҳоӣ, ки 4-уми май дар варзишгоҳи «Иттиҳод»-и шаҳри Манчестери Англия баргузор шуд, бар “ПСЖ” («Пари Сен-Жермен»)-и Фаронса бо ҳисоби 2:0 ғолиб омад. Бозии аввал миёни «ПСЖ» ва «Манчестер Сити» 24-уми апрел дар варзишгоҳи «Парк де Пренс» дар Парижи Фаронса бо пирӯзии бошгоҳи бритонӣ бо ҳисоби 2:1 ба анҷом расида буд. Читать дальше...

Ozodi.org 

Марги мармузи мунтақиди Илҳом Алиев дар Истамбул

Ҷасади фаъоли мадании озарӣ Байрам Мамедовро дар шаҳри Истамбули Туркия пайдо карданд. Мамедов дар шароити мармузе ба ҳалокат расидааст. Ба гуфтаи дустони Мамедов, ҷасади фаъоли озариро чанд рӯз пеш аз баҳр пайдо карданд ва пулиси Туркия ҳоло ҳодисаро таҳқиқ дорад. Мамедов баъди он машҳур шуд, ки ҳамроҳи Ғиёсиддин Иброҳимов 24-уми майи соли 2016 дар рӯзи зодрӯзи президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев пайкараи падари ӯ президенти пешини ин кишвар Ҳайдар Алиевро кашида, дар зери он навиштанд, ки "Нест... Читать дальше...

Ozodi.org 

19 кушта ва 87 захмӣ. Тоҷикистон ба таври расмӣ шумораи қурбониёни муноқишаи марзиро бо Қирғизистон эълон кард

Мақомоти Тоҷикистон баъди як ҳафта ба таври расмӣ шумораи ҳалокшудагони ҷанҷоли ахир дар марз бо Қирғизистонро эълон карданд. Ҷониби Қирғизистон ҳанӯз дар рӯзҳои аввали ҳодиса чунин оморро дар ихтиёри расонаҳо қарор дода буд.

Ozodi.org 

"Шоиста бегуноҳ аст". Сарнавишти узбекистоние, ки дар таркиши Петербург айбдор мешавад

Дар миёни 11 муҳоҷири Осиёи Марказӣ, ки дар ташкили таркиши метрои Петербург дар рӯзи 3 апрели соли 2017 айбдор мешаванд, Шоиста Каримоваи 49-сола, сокини вилояти Намангони Узбекистон низ ҳаст. Елена Бабинтсева, сокини шаҳри Петербург ба сарнавишти Шоиста таваҷҷуҳ кардааст, ки вай худро комилан бегуноҳ медонад. Бабинтсева гуфт, ки парвандаи ҷиноии марбут ба таркиши метроро таҳқиқ мекунад ва ба хулоса расидааст, ки Шоиста комилан бегуноҳ аст. Аз замони таркиши метро дар Петербурги Русия 4 сол гузашт. Читать дальше...

Ozodi.org 

Дар Туркманистон иштирокчиёни Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ туҳфаҳои президентиро мехаранд

Аз иштирокчиёни Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ ва ақибгоҳ талаб шудааст, ки барои туҳфаҳои президентӣ маблағ ҷамъ оваранд. Чун анъана, ҳамасола рӯзи 9 май ба иштирокчиёни Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ аз номи президент туҳфа тақдим мекунанд. Ин соли дувум аст, ки аз иштирокчиёни ҷанг барои туҳфаҳои президент маблағ ҷамъ меоваранд. Ба навиштаи расонаҳо, дар вилояти Лебапи он кишвар ҷамъоварии маблағ сурат гирифтааст. Аксари иштирокчиёни ҷанг бештар аз 90 сол умр доранд. Соли гузашта иштирокчиён барои туҳфаҳои президент... Читать дальше...

Ozodi.org 

Чаҳор паҳлавони тоҷик дар рӯзи аввали мусобиқаи ҷудо "Kazan Grand Slam 2021" ноком шуданд

Паҳлавонони тоҷик дар рӯзи аввали мусобиқаи байналмилалии ҷудо "Kazan Grand Slam 2021”, ки 5-уми май дар шаҳри Қазони Тотористони Русия оғоз шуд, дар даври муқаддамотӣ шикаст хӯрда, аз ҳаққи идомаи рақобатҳо маҳрум шуданд. Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқаи "Kazan Grand Slam 2021" 408 варзишгар (244 мард ва 164 зан) аз 79 кишвари панҷ қораи ҷаҳон ширкат дорад. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳафт варзишгар дохил аст: Шаҳбоз Саидаброров, Абумуслим Қаюмзода (ҳарду дар вазни то 60 кг)... Читать дальше...




Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media






Топ новостей на этот час

Rss.plus





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *