Эҳтимолан Прага аз Маскав пардохти 1 миллиард кронро талаб кунад
Телевизиони Чех мегӯяд, ки шояд талаби пардохти 1 миллион крон пул ниҳоӣ нахоҳад буд ва мақомоти минтақаи осебдида эҳтимолан бихоҳанд, ки ба унвони пардохти ҷуброни равонӣ ва ҳам ҷуброни адами имконияти истифодаи ин моликият маблағи иловагии худро тақозо кунанд. Бархе вакилон ва коршинсони соҳаи ҳуқуқи байналмилалӣ шубҳа доранд, ки шонси аз Русия гирифтани ҷубронпулӣ вуҷуд дорад. Вале бархе дигар мегӯянд, ки Прага бояд талаби худро ба Маскав пеш гузорад ва аз ин роҳ нишон диҳад, ки таҳаммули чунин корҳоро надорад.