Добавить новость
World News in Tajik
Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer


Май
2021

Новости за 10.05.2021

Ozodi.org 

Ҳафиз Қаландаров: "Ба мо як Ғалаба лозим буд, як Ғалаба -- барои ҳама!"

Чанд сол пеш, вақте ба ҳамкори афғонам хиёбонҳои васеъ, биноҳои зебои вазорату донишгоҳҳо, театрҳои шаҳр ва маҳаллаҳои калону ботартибро нишон медодам, ӯ қариб ҳамеша як нидо мекард: "Ҳо, урусо инҷо хуб кор кардаанд".

Ozodi.org 

"Нимашаб буд, ки бало омад"

Баъди ду рӯзи фалокат дар деҳаи Навободи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, сокинон аз хароб шудани манзил ва аз байни рафтани ҳосилашон тарсону нигаронанд. Мақомот мегӯянд, мардумро ба ҷойи бехатар кӯчонда истодаанд.

Ozodi.org 

Рамазон Қодиров хост, ки Исроил барои беназмиҳо дар Ал-Ақсо узрхоҳӣ кунад

Раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров аз ҳукумати Исроил тақозо кард, ки барои задухӯрди ходимони полис ва фаластиниҳо дар назди масҷиди Ал-Ақсои шаҳри Байтулмуқаддас аз мусалмонон узр хоҳад.  Қодиров дар Телеграм-канали худ навиштааст: «Дар чунин ҳолат беҳтар аз ҳама ин аст, ки агар мақомоти Исроил ба худ омада гунаҳор будани худро эътироф кунанд ва барои он чи ки гузашт, узр пурсанд. Дер нашуда, низоъро хобонед, вагарна паёмадҳои он асафбор хоҳанд буд» Дар Байтулмуқаддаси шарқӣ аз 7-уми май ба ин сӯ беназмиҳо идома доранд. Читать дальше...

Ozodi.org 

Эҳтимолан Прага аз Маскав пардохти 1 миллиард кронро талаб кунад

Ҷумҳурии Чех мехоҳад ба ҳайси ҷубронпулӣ барои таркиши анбори силоҳи шаҳраки Врбетитсе дар соли 2014 аз Русия пардохти на камтар аз як миллиард крон (тахминан 48 миллион доллар)-ро талаб кунад. Дар ин бора Алена Шиллерова,  вазири молияи Чех рӯзи 10-уми май дар сӯҳбат бо телевизиони маҳаллӣ хабар дод. Чанде пеш палатаи поёнии парлумони Чех ҳам аз ҳукумат тақозо кард, ки аз Русия пардохти ҷуброни молиро талаб кунад. Матни ин талаб қарор аст дар ҳафтаҳои наздик таҳия шавад. Мақомоти Чех инчунин мехоҳанд... Читать дальше...

Ozodi.org 

Ҳукумати ИМА бо ширкати сӯзишворие, ки бо ҳамлаи ҳакерӣ рӯбарӯ шуд, аз наздик кор мекунад

Дар паи як ҳамлаи азими рахнагарон ба лӯлаи муҳими таъмини сӯзишворӣ дар ИМА, ки бовар меравад кори дасти як гурӯҳи ҷиноӣ аст, ҳукумати ин кишвар бо ширкат аз наздик кор мекунад. Дар ҳоле, ки нигаронӣ аз баҳам зада шудани низоми таъмини сӯзишворӣ дар ИМА боло меравад, ҳукумати ин кишвар рӯзи 9-уми май як амри изтирорӣ содир кард, ки бар асоси он интиқоли маҳсулоти сӯзишворӣ дар 17 аёлат, аз ҷумла атроф ва дохили шаҳри Вашингтон бемаҳдудият сурат мегирад. Ширкати Colonial Pipeline рӯзи 8-уми май гуфт... Читать дальше...

Ozodi.org 

The Wall Street Journal: ИМА интиқоли нерӯҳояшро аз Афғонистон ба Осиёи Марказӣ баррасӣ мекунад

Нашрияи The Wall Street Journal бо такя ба мансабдорони низомии амрикоӣ навишт, ки Иёлоти Муттаҳида интиқоли нерӯҳо ва лавозимоти ҷангиашро аз Афғонистон ба Осиёи Марказӣ ва Шарқи Наздик баррасӣ мекунад.

Ozodi.org 

HRW ба кишварҳои Шӯрои Аврупо: Эъломияи ҳуқуқи занро тасвиб кунед

Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) гуфт, кишварҳои узви Шӯрои Аврупо бояд бо тасвиб ва иҷрои созиши минтақавии ҳуқуқи занон, ки дар чандин кишвар бо рукуди бесобиқа рӯ ба рӯ шудааст, барои муқобила бо хушунат алайҳи занон иқдом кунанд.

Ozodi.org 

Чӣ гуна Тоҷикистон ба "қабристони рубли Шӯравӣ" табдил шуд? АКС

26 сол пеш, даҳуми майи соли 1995, Тоҷикистон пули миллии худро ба муомилот баровард. Иқтисоддонҳо мегӯянд, ки ҳарчанд ин тасмим хеле дер гирифта шуд, боиси то ҳадде ба эътидол омадани иқтисоди Тоҷикистон гашт.

Ozodi.org 

Пас аз таркиш... Нуқтаҳои фурӯши сӯзишвориро месанҷанд

Пас аз таркиш дар як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар Душанбе, ки бар асари он як нафар ҳалок ва чанд каси дигар маҷруҳ шуданд, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон санҷиши сартосарии нуқтаҳои газу бензинфурӯширо ба роҳ мондааст.

Ozodi.org 

"Уралские авиалинии" сабаби мушкил дар билетҳои фурӯхтаашро шарҳ додааст

Намояндагии ширкати ҳавопаймоии "Уралские авиалинии" дар суҳбат бо хабаргузории "Азия-Плюс" сабаби ба як курсии ҳавопаймо фурӯхта шудани ду билетро ба Русия "ба мушкили техникӣ дар низоми фурӯш" рабт додааст.

Ozodi.org 

Дар остонаи раҳпаймоии миллатгароёни исроилӣ Байтулмуқаддас бо хушунати бештар рӯбарӯ шуд

Дар пайи таҳдиди аз Байтулмуқаддаси шарқӣ берун кардани хонаводаҳои фаластинӣ, шаби 10-уми май низ задухӯрди нерӯҳои амниятии Исроил ва фаластиниҳои норозӣ идома кард.

Ozodi.org 

Дар Афғонистон таркиши бомба ҷони 11 нафарро гирифт

Вазорати дохилии Афғонистон рӯзи 10-уми май гуфт, дар натиҷаи таркиши як автобусе дар бомбаи сарироҳӣ дар ҳудуди вилояти Зобул 11 фарди мулкӣ кушта ва 28 нафари дигар маҷрӯҳ шуд. Дар миёни қурбониҳову осебдидаҳо занону кӯдакон мебошанд. То ҳол ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо ба дӯш нагирифтааст. Ҳодиса шабона ҳангоми ҳаракати автобус аз Кобул ба Қандаҳор рух дод. Вазорати дохилии Афғонистон масъулияти таркишро бори Толибон кард. Ин таркиш дар ҳоле рух дод, ки гурӯҳи шӯришии Толибон дар остонаи Иди Фитр ё хотимаёбии моҳи Рамазон... Читать дальше...

Ozodi.org 

Гурӯҳи Толибон оташбаси серӯза эълон кард

Гурӯҳи Толибон ба муносибати Иди Фитр се руз оташбас эълом кард. Ҳукумати Афғонистон аз эълони оташбаси серузаи Толибон истиқбол кардааст. Иди Фитр дар Афғонистон ва аксари кишварҳои исломӣ рӯзи панҷшанбеи 13-уми май таҷлил мешавад.

Ozodi.org 

Дар зиндони Павлодари Қазоқистон як маҳбус кушта шуд

Департаменти зиндонҳои вилояти Павлодари Қазоқистон хабар дод, ки як зиндонӣ дар маҳбаси "АП-162/4"-и шаҳри Павлодар кушта шудааст. Хабаргузориҳои маҳаллӣ аз суханони сардори департамент Адолат Мустафинов иқтибос овардаанд, "маҳбуси 44-сола, ки барои куштор адои ҷазо мекунад, дар натиҷаи як муноқиша ба маҳбуси дигар зарари ҷисмонии марговар расонидааст". Ҳодиса 8 майи соли равон рух дода, вале ҷабрдида, ки барои таҷовузи ноболиғе маҳкум ба зиндон шуда буд, барои кумаки тиббӣ ба табибони маҳбас муроҷиат накардааст. Читать дальше...

Ozodi.org 

Лукашенко фармони интиқоли изтирории қудрат ба Шӯрои амниятро имзо кард

Александр Лукашенко, раҳбари худкомаи Белорус фармонеро ба имзо мерасонд, ки тибқи он, дар сурате, ки вай кушта шавад ва ё натавонад ба фаъолияташ идома диҳад, ваколатҳо ба Шӯрои амнияти он кишвар интиқол меёбад.  Ба гузориши хабаргузории расмии Белорус, Александр Лукашенко рӯзи 9-уми май ҳини боздид аз минтақаҳои осебдида аз фоҷеаи ҳастаии Чернобил ба хабарнигорон гуфт, "ба ман бигӯед, агар фардо раиси ҷумҳур набошад, оё замонате вуҷуд дорад, ки ҳама чиз хуб пеш хоҳад рафт? не! Вай афзуд, "ман... Читать дальше...




Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media






Топ новостей на этот час

Rss.plus





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *