Дар паи як ҳамлаи азими рахнагарон ба лӯлаи муҳими таъмини сӯзишворӣ дар ИМА, ки бовар меравад кори дасти як гурӯҳи ҷиноӣ аст, ҳукумати ин кишвар бо ширкат аз наздик кор мекунад. Дар ҳоле, ки нигаронӣ аз баҳам зада шудани низоми таъмини сӯзишворӣ дар ИМА боло меравад, ҳукумати ин кишвар рӯзи 9-уми май як амри изтирорӣ содир кард, ки бар асоси он интиқоли маҳсулоти сӯзишворӣ дар 17 аёлат, аз ҷумла атроф ва дохили шаҳри Вашингтон бемаҳдудият сурат мегирад. Ширкати Colonial Pipeline рӯзи 8-уми май гуфт, ки рӯзе аз он пеш мавриди ҳамлаи интернетӣ қарор гирифт ва ба хотири таъмини амнияти кораш, тамоми системаашро дар интернет “қатъ кард”. Ин лӯла тахминан 45 дарсади соҳилҳои шарқии ИМА-ро бо сӯзишворӣ таъмин мекунад. Мутахассисон гуфтанд, ки чунин ранг гирифтани кор набояд ба нархи сӯзишворӣ таъсири манфӣ гузорад.
Ҳамлае, ки сурат гирифтааст, рахнагарон ба низоми компютерии ширкат ҳамла карданд, иттилои дохили онро азхуд намуданд ва онро ғайри қобили истифода карданд. Ҳамлаҳое, ки маъмулан аз ҷониби гурӯҳҳои ҷиноии воқеъ дар Русия ваё собиқ ҷумҳуриҳои Шӯравӣ анҷом мешаванд, дар вақтҳои охир афзоиш ёфта, ҳадафҳоеро дар берун аз ин қаламрав зарба мезананд.