Добавить новость
World News in Tajik
Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Лукашенко фармони интиқоли изтирории қудрат ба Шӯрои амниятро имзо кард

Александр Лукашенко, раҳбари худкомаи Белорус фармонеро ба имзо мерасонд, ки тибқи он, дар сурате, ки вай кушта шавад ва ё натавонад ба фаъолияташ идома диҳад, ваколатҳо ба Шӯрои амнияти он кишвар интиқол меёбад. 


Ба гузориши хабаргузории расмии Белорус, Александр Лукашенко рӯзи 9-уми май ҳини боздид аз минтақаҳои осебдида аз фоҷеаи ҳастаии Чернобил ба хабарнигорон гуфт, "ба ман бигӯед, агар фардо раиси ҷумҳур набошад, оё замонате вуҷуд дорад, ки ҳама чиз хуб пеш хоҳад рафт? не!


Вай афзуд, "ман дар мавриди чигунагии интиқоли қудрат фармоне имзо мекунам, ки агар раиси ҷумҳур ҳадафи ҳамла қарор бигирад, рӯзи баъдаш Шӯрои амният қудратро ба даст хоҳад гирифт!"


Бисёре аз кишварҳои ҷаҳон баъд аз интихоботи ҷанҷолбарангези моҳи августи соли 2020 ва саркӯби бераҳмонаи эътирозгарон, Александр Лукашенкоро ҳамчун президенти Белорус ба расмият намешиносанд.


Тибқи қонунҳои феълии Белорус, агар ҷойи раиси ҷумҳур холӣ шавад ва ё ба ҳар сабабе шахси аввали кишвар натавонад ба вазифаи худ идома диҳад, қудрат то замони баргузории интихобот ва савганд ёд кардани президенти нав, ба нахуствазир интиқол меёбад.


Вале фармоне, ки рӯзи 9-уми май содир шуд, мегӯяд, ки қудрат ба Шурои амният, ки нахуствазир онро раҳбарӣ хоҳад кард, интиқол хоҳад ёфт. Шӯрои амният аз афроди мавриди таваҷҷуҳ ва тарафдори Лукашенко ташкил шудааст.


Лукашенко дар моҳи апрел гуфта буд, ки фармони фавқулодаеро дар бораи салоҳиятҳои президент имзо хоҳад кард.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media






Топ новостей на этот час

Rss.plus





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *