"Шумораи парандагон шаш баробар бештар аз теъдоди инсонҳо аст"
Хабаргузории Олмон гузориш додааст, ки дар ин таҳқиқ омадааст, ки то кунун 9,700 навъи паранда дар саросари ҷаҳон шиносоӣ шудааст. Дар ин таҳқиқ омадааст, ки дар миёни ҳама парандаҳо шумораи гунҷишки хонагӣ ба беш аз як миллиард мерасад, ки аз ҳама парандаҳои дигар бештар аст.