Добавить новость
World News in Tajik
Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer


Май
2021

Новости за 19.05.2021

Ozodi.org 

Дар Душанбе мушкили сарҳадҳоро баҳс карданд. Лемон: "СПАД наметавонад ҳал кунад". ВИДЕО

Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СПАД (Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ, ОДКБ) дар нишасти Душанбе вазъият дар сарҳади Арманистону Озарбойҷонро ташвишовар хонданд. Баррасии масъала дар посух ба муроҷиати Арманистон ҷараён гирифт, ки ба фарқ аз Озарбойҷон узви созмон аст.

Ozodi.org 

Вазирони тоҷику рус дар бораи муҳоҷирон ва марз чӣ гуфтанд?

Сироҷиддин Муҳриддин ва Сергей Лавров, вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Русия, рӯзи 19-уми май дар Душанбе вазъи муҳоҷирон, таъмини амният дар марз бо Афғонистон ва низои ахир дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ карданд. Тафсилотро дар видео бинед.

Ozodi.org 

Ҳамкори собиқаш президенти Қирғизистонро ба "порагирӣ" муттаҳам кард. Мухолифон истеъфои ӯро хостанд. ВИДЕО

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборовро ба ришвагирӣ муттаҳам мекунанд. Ҳамкори собиқи ӯ Мелис Аспеков гуфт, раиси ҷумҳурӣ барои маблағгузории барномаи интихоботиаш аз президенти пешин Сооронбой Ҷеенбеков “бар ивази гарави амнияти ӯ” 10 миллион доллар "пора" гирифтааст.

Ozodi.org 

Ба қаҳрамони бокси Осиё $10 000 ҷоизаи молӣ супурда мешавад

Ғолибони мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё, ки аз 21-уми май то 1-уми июн  дар  шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб баргузор мешавад, бори аввал дар таърихи ин чорабинӣ аз Ассотсиатсияи байналмилалии бокси ҳаваскорӣ (AIBA) мукофотпулӣ мегиранд. Дар ин бора сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, маблағи умумии ҷоизаҳои қаҳрамонии бокси Осиё 400 000 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад ва он ба ғолибон, барандагони медалҳои нуқра ва биринҷӣ дар ҳар як вазн супурда мешавад. Читать дальше...

Ozodi.org 

Эдвард Лемон: "СПАД собит кард, ки наметавонад мушкили марзии кишварҳои собиқ шӯравиро ҳал кунад"

Дар як мусоҳиба бо ҳамкорамон Хиромон Бақозода сиёсатшиноси амрикоӣ Эдвард Лемон гуфт: "СПАД собит кард, ки наметавонад мушкили марзии кишварҳои собиқ шӯравиро ҳал кунад".

Ozodi.org 

Ҳампаймони собиқ президенти Қирғизистонро ба ришваситонӣ муттаҳам кард

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборовро ба "ришвагирӣ" муттаҳам мекунанд. Ҳамкори собиқи ӯ Мелис Аспеков иддао кард, ки раиси ҷумҳурӣ барои маблағгузории барномаи интихоботиаш аз президенти пешин Сооронбой Ҷеенбеков "бар ивази кафолати амнияти ӯ" 10 миллион доллар гирифтааст..

Ozodi.org 

Занозании муҳоҷирони тоҷику қирғиз дар Маскав. 6 кас захмӣ, 9 нафар дастгир шудаанд

Хабаргузории расмии ТАСС (Русия) иттилоъ дод, ки як гурӯҳ аз шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистон дар шаҳри Маскав занозанӣ кардаанд. Дар натиҷа, шаш захмиро барои муолиҷа ба шифохона ва нӯҳ каси дигарро барои тафтишоти иловагӣ ба идораи полис бурдаанд.

Ozodi.org 

Вазири хориҷаи Русия дар Душанбе аз "фаъол шудани террористон дар шимоли Афғонистон" гуфт

Дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ ва НАТО аз хоки Афғонистон, Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия хостори рушди ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникии кишвараш бо Тоҷикистон шудааст.

Ozodi.org 

Занони футболбози тоҷик ба сабқат шуруъ карданд

Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои занона, ки бори чаҳорум доир шуд, рӯзи шанбе, 15-уми май, бо панҷ бозӣ оғоз ёфт. Дар мавсими нав даҳ даста барои унвони қаҳрамонӣ мубориза мебарад. Дар мусобиқаи имсола ҳафт даста аз вилояти Хатлон намояндагӣ мекунад: «Хатлон» (Бохтар), «Ҳосилот» (Фархор), «Зебо» (Дӯстӣ), «Чашма» (Шаҳритус), «Равшан» (Кӯлоб), «Бешкент» (Носири Хусрав) ва «Нушофарин» (Бохтар). Ду даста - «Суғд» ва «Конибодом» - аз вилояти Суғд ва як даста - «Зебонисо» - аз шаҳри Душанбе мебошанд. Читать дальше...

Ozodi.org 

Қайиқрони тоҷик Шаҳриёр Даминов барои роҳхати олимпӣ талош дорад

Шаҳриёр Даминов, варзишгари маъруфи тоҷик, дар марҳилаи дуюми Ҷоми ҷаҳонии каноэ, ки рӯзҳои 20-23-юми май дар шаҳри Барнаули Русия баргузор мешавад, ширкат меварзад. Дар ин бора сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, варзишгароне, ки дар шаш навъи рақобатҳо – С-1 200 метр, К-1 200 метр, К-1 500 метр (занон), К-1 200 метр, К-1 1000 метр, С-1 1000 метр (мардон) – ҷойҳои аввалро мегиранд, соҳиби роҳхат ба Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио мешаванд. Шаҳриёр Даминов... Читать дальше...

Ozodi.org 

Ҷамолиддин Неъматзода ва писарашро аз имоматӣ барканор карданд

Ҷамолиддин Неъматзода, имомхатиби масҷиди ба номи “Ҳазрати Муҳаммад”-и ноҳияи Рӯдакӣ ва писари муфтии пешини Тоҷикистонро баъд аз навори ҷанҷолияш аз имоматӣ барканор кардаанд. Пештар сокинони деҳаи Дарёободи ноҳияи Рӯдакӣ гуфта буданд, ки Неъматзода дар саҳни масҷид онҳоро дашном дод.

Ozodi.org 

Дар Токио иттиҳоди пизишкон даъват кард, ки Олимпиада баргузор нашавад

Дар Ҷопон як иттиҳоди бонуфузи пизишкон аз мақомоти он кишвар даъват дорад, ки Олимпиадаи тобистона дар шаҳри Токио манъ карда шавад. Ин дар ҳолест, ки то шуруъи бозиҳо камтар аз 3 моҳи дигар монда, аммо гирифторӣ ба вабои коронавирус дар ҳоли афзоиш аст. Иттиҳоди пизишкони фаъоли Токио, ки наздики 6 ҳазор пизишкро фаро мегирад, хабар дод, беморхонаҳои шаҳри Токио дар айни ҳол пур аст бемор аст. "Мо исрор меварзем, ки мақомоти кишвар Кумитаи байналхалқии Олимпиро аз душвории баргузории бозиҳо огоҳ созанд ва бекорсозии бозиҳоро талаб кунанд"... Читать дальше...

Ozodi.org 

Оғози ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии СПАД дар Душанбе

Имрӯз, чоршанбеи 19-уми май дар шаҳри Душанбе нишасти вазирони корҳои хориҷии Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ ё СПАД баргузор мешавад. Барои ширкат дар нишаст вазирони корҳои хориҷаи панҷ узви СПАД, аз ҷумла Русия, ба Душанбе омадаанд. Дар назар аст, ки раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо иштирокдорони нишаст дидор кунад. Ин нишаст дар пайи он сурат мегирад, ки моҳи гузашта дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон-ду узви СПАД муноқишаи мусаллаҳона сар зад. Маълум нест, ки то куҷо ин масъала дар вохӯрии вазирони корҳои хориҷӣ баррасӣ мешавад. Читать дальше...

Ozodi.org 

"Шумораи парандагон шаш баробар бештар аз теъдоди инсонҳо аст"

Бар асоси як пажӯҳиши нав, шумораи парандаҳо дар кураи замин шаш баробар бештар аз теъдоди инсонҳо аст. Донишмандони Австралия таҳқиқи нави худро дар ин маврид дар нашрияи Академияи миллии илмҳои Амрико нашр кардаанд, ки бар асоси он ҳудуди 50 миллиард паранда дар рӯи замин зиндагӣ мекунанд. Хабаргузории Олмон гузориш додааст, ки дар ин таҳқиқ омадааст, ки то кунун 9,700 навъи паранда дар саросари ҷаҳон шиносоӣ шудааст. Дар ин таҳқиқ омадааст, ки дар миёни ҳама парандаҳо шумораи гунҷишки хонагӣ ба беш аз як миллиард мерасад... Читать дальше...




Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media






Топ новостей на этот час

Rss.plus





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *