Добавить новость
World News in Tajik
Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

"Истиқлол" дар Лигаи қаҳрамонҳо, "Хуҷанд" ва КМВА дар Ҷоми AFC-2022 бозӣ мекунанд

Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ, ки бори сиюм баргузор шуд, ба поён расид. Дар даври охирини мусобиқа, ки 5-уми декабр доир гардид, барандаи медали биринҷӣ ва дастаи дуюме, ки лигаи олиро тарк мекунад, муайян шуданд.


КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Душанбе, ки дар даври 27-ум дар майдони худ «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷандро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод, соҳиби ҷойи сеюм ва медалҳои биринҷӣ гардид.   


«Кӯктош»-и Рӯдакӣ, ки бозии охиринашро ба дастаи меҳмон - «Истиқлол»-и Душанбе – бо ҳисоби 1:2 бохт, баъди «Душанбе»-и шаҳри Душанбе дуюмин дастает, ки лигаи олиро тарк мекунад.


Ба ин тартиб, қаҳрамони Тоҷикистон «Истиқлол» соли оянда дар мурҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) бозӣ хоҳад кард. Ҷоизадои нуқра «Хуҷанд» ва ҷоизадори биринҷӣ КМВА ба ҳаққи ширкат дар мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2022 даст ёфтанд.


Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон-2021


Лигаи олӣ. Даври 27-ум


КМВА – «Хуҷанд» – 1:0


Гол: Люк Менҷана Леонел, 11.


«Кӯктош» – «Истиқлол» – 1:2


Голҳо: Манучеҳр Ҷалилов, 12 (0:1). Алишер Ҷалилов, 41 (0:2). Амирҷон Сафаров, 43 (1:2).


«Эсхата» – «Равшан» – 1:0


Гол: Аҳрор Иноятов, 50.


«Душанбе» – «Истаравшан» – 0:2


Голҳо: Шаҳзодҷон Маъмурҷонов, 76 (0:1). Манучеҳр Аҳмадов, 90 – аз пеналти (0:2).


«Файзканд» – «Хатлон» – 2:1


Голҳо: Анвар Муродов, 4 (1:0). Иззатулло Баҳриддинов, 73 (1:1). Анвар Муродов, 74 (2:1).


Ҷадвали ҷамъбастии мусобиқа



 Ҷ


 ДАСТАҲО


Б


Ғ


М


Б


Т/Т


И


1


«Истиқлол» (Душанбе)


27


21


5


1


78-9


68


2


«Хуҷанд» (Хуҷанд)                 


27


17


4


6


52-26


55


3


КМВА (Душанбе)


27


12


8


7


37-29


44


4


«Истаравшан» (Истаравшан)


27


12


6


9


30-25


42


5


«Хатлон» (Бохтар)


27


10


6


11


30-33


36


6


«Эсхата» (Хуҷанд)


27


9


3


15


33-49


30


7


«Файзканд» (Восеъ)


27


8


5


14


20-37


29


8


«Равшан» (Кӯлоб)


27


7


8


12


27-35


29


9


«Кӯктош» (Рӯдакӣ)


27


7


5


15


38-58


26


10


«Душанбе» (Душанбе)


27


4


6


17


23-67


18



 


Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 18 гол, Рустам Соиров («Истиқлол») – 15 гол, Илҳомҷон Баротов («Истаравшан») – 13 гол, Алишер Ҷалилов («Истиқлол»), Дилшод Бозоров («Хуҷанд») – 12-голӣ, Артём Сердюк («Хуҷанд») – 11 гол.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media






Топ новостей на этот час

Rss.plus





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *