Добавить новость
World News in Tajik
Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Ҳашт медали паҳлавонони ҷавони тоҷик дар қаҳрамонии ҷудои Осиё-Уқёнус дар Лубнон

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-Уқёнус байни наврасон ва ҷавонон, ки аз 2-юм то 5-уми декабр дар шаҳри Бейрути Лубнон баргузор шуд, ҳамагӣ ҳашт медал (1  тилло, 2 нуқра ва 5 биринҷӣ) ба даст оварданд.


Нахуст гуштигирони навраси тоҷик рӯзҳои 2-3-юми декабр рақобат карда, як медали нуқра ва ду биринҷӣ гирифтанд.


Чунонки сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) хабар додааст, дар мусобиқаи наврасон 133 варзишгар (81 писар ва 52 духтар) аз 15 кишвар иштирок карданд.  


Тоҷикистонро 7 нафар (6 писар ва як духтар) муаррифӣ намуданд: -50 кг - Ҷасур Лутфишоев, -60 кг - Сируш Эркаев, -66 кг - Муҳаммад Юсуфзода, -73 кг - Суннатулло Мӯсоев, -90 кг - Сомонӣ Кишваров, +9 0 кг - Парвиз Абдураҳмонов ва дар рақобатҳо миёни духтарон Меҳрона Маҳмадзода дар вазни -52 кг.


Аз байни онҳо Парвиз Абдураҳмонов дар вазни +90 кг бо медали нуқра, Сируш Эркаев дар вазни то 60 кило ва Муҳаммад Юсуфзода дар вазни то 66 кило бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.


Ҳамин тариқ, Тоҷикистон дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-Уқёнус байни наврасон дар ҳисоби умумидастаӣ бо як медали нуқра ду нишони биринҷӣ, инчунин бо ду мақоми панҷум ва ду мақоми ҳафтум дар байни 15 кишвари иштироккунандаи ин мусобиқа мақоми 6-умро соҳиб шуд.


Узбекистон бо касби 19 медал (9 тилло, 5 нуқра ва 5 биринҷӣ) ҷойи аввалро азони худ кард. Қазоқистон бо касби 12 медал (3 тилло, 8 нуқра ва 1 биринҷӣ) ҷойи дуюмро гирифт. Кореяи Ҷанубӣ бо касби 11 медал (3 тилло, 1 нуқра ва 7 биринҷӣ) ҷойи сеюмро соҳиб гашт.


Рӯзҳои 4-5-уми декабр дар Бейрути Лубнон мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-Уқёнус байни ҷавонон сурат гирифт.


Чунонки сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) хабар додааст, дар мусобиқаи ҷавонон 126 варзишгар (82 писар ва 44 духтар) аз 17 кишвар ширкат дошт.


Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 9 варзишгар шомил буданд, ки дар сабқати мардон иштирок карданд: Хурсандқул Куганов, Абубакр Шеров (ҳарду дар вазни -66 кг), Муҳаммадиқбол Тошов, Масъуди Аҳмадзод (ҳарду дар вазни -73 кг), Муҳаммадҷон Абдуҷалилов, Шодмон Ризоев (ҳарду дар вазни -81 кг), Раҳматулло Мирзоев (-90 кг), Мансур Раҳмон (-100 кг), Давлатҷон Назриев (+100 кг).


Гуштигирони ҷавони тоҷик як медали тилло, як нуқра ва  3 биринҷӣ гирифтанд. Шодмон Ризоев дар мубориза барои нишони тилло дар вазни то 81 кило бар варзигари дигари тоҷик – Муҳаммадҷон Абдуҷалилов - пирӯз шуд. Абдуҷалилов бо медали нуқра сарфароз гашт.


Абубакр Шеров дар вазни то 66 кило, Масъуди Аҳмадзод дар вазни то 73 кило ва Давлатҷон Назриев дар вазни беш аз 100 кило сазовори медалҳои биринҷӣ шуданд.


Тоҷикистон дар байни 17 кишвари ширкаткунандаи ин мусобиқа байни ҷавонон бо касби панҷ медал (як тилло, як нуқра ва се биринҷӣ) ва се мақоми панҷум дар зинаи панҷум қарор гирифт.


Узбекистон бо касби 15 медал (7 тилло, 2 нуқра ва 6 биринҷӣ) ҷойи аввалро соҳиб шуд. Қазоқистон бо касби 9 медал (3 тилло, 1 нуқра ва 5 биринҷӣ) ҷойи дуюмро ишғол кард. Кореяи Ҷанубӣ бо касби 11 медал (2 тилло, 5 нуқра ва 4 биринҷӣ) ҷойи сеюмро азони худ кард.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media






Топ новостей на этот час

Rss.plus





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *