Дороии Қамчӣ Колбоевро дар Қирғизистон $1 млрд баҳо доданд
Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон рӯзи 9-уми октябр аз натиҷаҳои ибтидоии безараргардонии гуруҳи ҷиноии Қамчӣ Колбоев хабар дод.
Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон рӯзи 9-уми октябр аз натиҷаҳои ибтидоии безараргардонии гуруҳи ҷиноии Қамчӣ Колбоев хабар дод.
Тоҷикистон ба осебдидагони заминларзаи пурқурбонӣ дар Ҳироти Афғонистон ибрози ҳамдардӣ кард. Намояндаи Вазорати корҳои хориҷӣ ба "Азия-Плюс" гуфтааст, ният доранд, ба онҷо маводи ниёзи аввал фиристанд. Қазоқистон ҳам ба ирсоли ёриҳо ба осебдидагон ибрози омодагӣ кардааст.
Ҳангоми афтодани як ҳавопаймои омӯзишӣ дар наздикии шаҳри Дикси Австрия ду шаҳрванди Узбекистон ҷароҳат бардоштааст. Ҳодиса рӯзи рӯзи 4-уми октябр рӯй дод.
Ёв Галлант, вазири дифои Исроил амр додааст, Навори Ғаззаро ба тамом муҳосира кунанд. Фармони муҳосираи Навори Ғазза ду рӯз баъд аз ҳамлаи Ҳамос ба Исроил содир шуд, ки дар натиҷаи он 700 нафар кушта ва садҳо тани дигар маҷруҳ гардиданд. Дар ҳамлаҳои ҷавобии Исроил беш аз 500 фаластинӣ ҷон додаанд.
Вазъи Ховари Миёна на танҳо барои ин минтақа, балки даҳҳо кишвари дуру наздики он нигаронкунанда мемонад. Таҳлили вазъ дар бисёре аз расонаҳои дунё идома дорад ва ҳар яке сабабҳои ин ҷанг ва таъсири онҳо ба амнияти минтақа ва ҳамчнуин нақши бозигарони берунаро дар он шарҳ додаанд.
Рӯзи 9-уми октябр масъулони сафорати Афғонистон дар Душанбе ба хотири қурбониёни зилзилаи маргбор дар Ҳирот парчами кишвари худро пойин андохтанд. Ҳамзамон дар толори пазироии сафорат китоби сабти ҳамдардӣ бо мардуми Ҳирот гузошта шуд.
Мақомоти Исроил гуфтанд, ки назоратро дар бахшҳое аз қаламрави худ дар наздикии Навори Ғазза дубора ба даст гирифтанд.
Ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт ҳайати тими миллии кишварро барои ширкат дар мусобиқаи «Ҷоми Мердека-2023», ки дар Малайзия баргузор мешавад, эълон кард.
Ҳамлаи бесобиқаи гурӯҳи "Ҳамос" ба Исроил на танҳо талошҳоро барои эҷоди шароити нави амниятӣ дар Ховари Миёна, балки ормони фаластиниён ва пуштибони калидии онҳо – Эронро барои сохтани давлати алоҳида ба ҳам хоҳад зад.
Раиси Паймони Миллӣ, эътилофи чор созмони мухолифи ҳукумат, аз садри аъзами Олмон хостааст, ки барои раҳоии наздикони эътирозгарони Берлин дар Тоҷикистон мадад кунад.
Руминия бо чаҳор ҳавопаймо 245 шаҳрвандашро аз Исроил берун баровард. Қисме аз онҳо зоирон ҳастанд.
Артиши Исроил шаби 8 ба 9-уми октябр ба 500 мавзеъ дар Навори Ғазза зарба задааст.
Русия бародари як намояндаи мухолифони ҳукумати Тоҷикистонро барои муҳокима ба Душанбе додааст.
Додгоҳи шаҳри Тошканд ҳукми Абдуқодир Муъминов, блогери узбекистониро, ки рӯзи 4-уми августи имсол ба 7 солу 3 моҳ зиндон маҳкум шуд, бетағйир гузошт.
Ҳоло дар Тоҷикистон ҳазорон нафар ба шабакаҳои иҷтимоӣ алоқамандӣ доранд. Инстаграм яке аз онҳост. Дар остонаи 13-умин солгарди муаррифӣ шудани Инстаграм, Радиои Озодӣ аз мардум пурсид, ки кадом шабака барояшон писанд аст ва ҳамарӯза чӣ миқдор вақти худро барои истифода аз он сарф мекунанд.
Вакили пешини порлумони Қирғизистон ва молики бозори "Мадина"-и шаҳри Бишкек Турсунтой Салимов боздошт шудааст. Намояндаи соҳибкор Нурлан Ибраимов ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, Салимовро 7 октябр дастгир карданд. Расонаҳо бо истинод ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қирғизистон иттилоъ доданд, ки зидди соҳибкор бо банди "Ташкили гуруҳи муташаккил ё иштирок дар фаъолияти он" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Намояндаи соҳибкор афзуд, ки феълан наметавонад парвандаи Салимовро шарҳ диҳад. Мақомот низ боздошти вакили пешинро шарҳ надодаанд. Читать дальше...
Президентҳои Узбекистон, Қазоқистон ва Русия -- Шавкат Мирзиёев, Қосимҷомарт Тоқаев ва Владимир Путин дар маросими оғози интиқоли гази Русия ба Узбекистон тариқи лӯлаи "Осиёи Марказӣ-Марказ" иштирок карданд. Хадамоти матбуотии Кремл иттилоъ дода, ки ин маросим онлайнӣ баргузор шудааст. "Узбекистон манбаи иловагии энержӣ дарёфт хоҳад кард, ки таъмини сокинон ва иншооти иҷтимоиро бо гармӣ ва барқ кафолат медиҳад. Қазоқистон ҳам масъалаи бо газ таъмин кардани минтақаҳои шимолӣ ва шарқии худро ҳал хоҳад кард. Читать дальше...
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон, ки рӯзҳои 4-7-уми октябр дар шаҳри Одивеласи Португалия баргузор шуд, бо як медали биринҷӣ баргашт.