Вазорат: Нақшаи даъват ба артиш “66 дарсад” иҷро шуд
Мақомоти Тоҷикистон эълон карданд, ки дар 20 рӯзи аввали маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хидмати артиш беш аз 60 дар сади нақша иҷро шудааст.
Мақомоти Тоҷикистон эълон карданд, ки дар 20 рӯзи аввали маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хидмати артиш беш аз 60 дар сади нақша иҷро шудааст.
Дар 9 моҳи сли 2023 4,4 ҳазор нафар аз шаҳрвандии Русия даст кашидаанд. Бино ба иттилои Алексей Климов, раҳбари Идораи консулии Вазорати корҳои хориҷии Русия соли 2022 4306 нафар шаҳрвандии худро бекор кара буданд. Суҳбати дипломати рус дар ин бора дар сомонаи ин ниҳод нашр шудааст.
Додгоҳи ноҳияи Масчоҳ як занро аз шаҳрвандӣ маҳрум ва барои сохтакории ҳуҷҷатҳо нисбаташ ҷаримаи калон таъин кардааст.
Додгоҳи ноҳияи Масчоҳ шаҳрвандии як зани узбектаборро бекор ва ӯро ҷарима кардааст. Шоҳидамо Аҳмадова баъди оиладор шуданаш бо зодаи Тоҷикистон, соҳиби шиноснома гардид. Баъди 12 соли оиладорӣ мақомоти маҳаллӣ ба ӯ гуфтаанд, ҳуҷҷатҳояш қалбакӣ аст. Хонаводаи зан ҳукмро ноодилона мехонанд.
Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе барои иштирок дар бозии даври севуми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2023/24 дар гурӯҳи “Е” бо бошгоҳи «Персеполис»-и Теҳрон имрӯз, 22-юми октябр, ба Эрон сафар кард.
Рӯзи 22 -юми октябр бо як парвози махсус 21 зан ва 62 кӯдакро аз Сурия ба Қирғизистон овардаанд.
Ҳукумати Сурия эълон кард, ки Исроил субҳи рӯзи якшанбе дигарбора ба фурӯдгоҳи Димишқ ва Ҳалаб зарбаи ҳавоӣ зад. Бино ба навиштаи расонаҳои давлатӣ, бар асари ин ҳамлаҳо, майдонҳои ҳавоӣ хароб шудаанд.
Дар пайи ҳамлаи гурӯҳи “Ҳамос” ба Исроил ва чандин зарба ба пойгоҳҳои низомии Амрико аз сӯйи гурӯҳҳои таҳти ҳимояти Эрон, ИМА ҳузури низомии худро дар Ховари Миёна тақвият хоҳад дод.
Ҳунари як зани чирадасти русро, ки дар ҷануби Тоҷикистон бо гулдӯзиву сӯзаниҳои зебо ва духти либосҳои миллӣ маъруф аст, қадр карданд.
Ҳунари як зани чирадасти русро дар ҷануби Тоҷикистон қадр карданд. Баъди муаррифи маҳсули дастонаш ӯ соҳиби грант ё 10 ҳазор сомонӣ шуд, то корашро рушд диҳаду барои духтарони дигар ҳам касб омӯзад.
Чаро духтарон чеҳраи худро ислоҳ кардан мехоҳанд. Ба хотире, ки тренд асту ҳама мекунанд ё ҳадаф танҳо зебо шудану ба шавҳару дӯстдоштаҳои худ писанд омадан аст? Мавзӯи зебоӣ ва тағйири чеҳраву андом на танҳо барои духтарону занон ҷолиб аст, балки мавзӯи сербаҳс миёни мардон ҳам ҳаст.
Оё боре шудааст, ки Шумо дар рӯ ба рӯйи ойина аз чизе дар сару сурати худ эҳсоси ноқаноатмандӣ кардаед ё, масалан, хостед чизеро дар рӯй ё ҷисматон тағйир диҳед?