Амрико аз Шӯрои Амният хост, аз тарҳи оташбас дар Ғазза ҳимоят кунад
Иёлоти Муттаҳида аз Шӯрои Амнияти Созмони Милал хостааст, аз тарҳи президенти Амрико Ҷо Байден барои поён додан ба ҷанг дар Навори Ғазза пуштибонӣ кунад.
Иёлоти Муттаҳида аз Шӯрои Амнияти Созмони Милал хостааст, аз тарҳи президенти Амрико Ҷо Байден барои поён додан ба ҷанг дар Навори Ғазза пуштибонӣ кунад.
Додгоҳе дар шаҳри Вилнюс, маркази Литва, рӯзи 4-уми июн пешниҳоди дар Боздоштгоҳи муҳоҷирони ғайриқонунӣ мондани фаъоли сиёсии тоҷик Сулаймон Давлатовро рад кардааст. Вай ду моҳ пеш ба гумони "хатар ба амнияти миллӣ"-и ин кишвари аврупоӣ дастгир шуд. Худаш онро беасос донист.
Дар ҳамлаи эҳтимолии Исроил ба наздикии шаҳри Ҳалаби Сурия рӯзи 3-юми июн як афсари эронӣ ба номи Саид Абёр кушта шудааст.
Сокинони чанд деҳа дар Конибодом мегӯянд, ки шабҳоро бо тарсу ҳарос рӯз мекунанд, чун хабари қатлҳои пайиҳам дар ин гӯшаи вилояти Суғд онҳоро сахт ба ташвиш овардааст.
Бо гузашти тақрибан як ҳафта аз куштори ду оила дар як деҳаи Конибодом мақомот ҳанӯз омилони онро рӯшан накардаанд. Дар ин шаҳр дар се моҳи гузашта пайиҳам аъзои чанд оила кушта шуданд ва қатлҳои пайваста мардум ва фарзандони муҳоҷири онҳоро ваҳшатзада кардааст.
Додгоҳе дар Алмато рӯзи 3-юми июн баррасии парвандаи навро алайҳи Гулмира Сотиболдӣ, собиқ ҳамсари зиндонии Кайрат Сотиболдӣ оғоз кардааст. Кайрат Сотиболдӣ хоҳарзодаи президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аст.
Хабарҳои рӯз
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Ҳанифа Алимзода, яке аз додрас ё судяҳои шаҳри Кӯлобро аз мақомаш барканор кард.
Муовини раиси Девони вазирони Қирғизистон Эдил Байсалов гуфт, кишвараш тавонистааст теъдоди муҳоҷирони кории худро дар хориҷ тақрибан 300 ҳазор кам кунад.
Раёсати фатвои Идораи мусулмонони Узбекистон изҳороти худро дар бораи манъ будани тиҷорати “криптовалюта” дар Ислом аз сомонааш пок карда, узр пурсидааст.
Шаҳрдори Мехико Клаудия Шейнбаум дар интихоботи президентии Мексика пешсаф аст. Маркази миллии интихоботии Мексика гуфтааст, бар асоси ҳисобҳои аввалия, Шейнбауми 61-сола зиёда аз 57,28 дарсади овозҳоро ба даст овардааст.
Бахше аз деҳқонон дар Тоҷикистон ба сабаби, ба гуфтаашон, "набудани шароити мусоид" ва "нагирифтани фоида" аз кори кишоварзӣ дур шуда, заминҳоро бе кишт гузоштаанд. Яке аз онҳо Саидҷаъфар Назаров аз хоҷагии Синои ноҳияи Восеъст. Ӯ мушкили молиро далел овард.
Тақрибан 70 дарсади аҳолии Тоҷикистон дар деҳот зиндагӣ мекунад ва дар баробари муҳоҷирати меҳнатӣ, кишоварзӣ як манбаи дигари даромади онҳо ба ҳисоб меравад. Аммо солҳои ахир бахше аз деҳқонон аз кишоварзӣ ба дилсард шудаанд.
Додгоҳе дар Тошканд, маркази Узбекистон, рӯзи 3-юми июн ба муҳокимаи намояндаи олами ҷиноӣ Бахтиёр Қудратуллоев, машҳур бо лақаби “Бахти Тошкандӣ” ва 36 нафари дигар оғоз кардааст.
Барои чунин хатарҳо омода бояд шуд, чораи дигаре вуҷуд надорад. Яъне ҳам давлат ва ҳам мардум ва ҳам ниҳодҳои ҷомеаи маданӣ бояд худро барои пешомадҳои хатарбортаре аз инҳо омода созанд.
Сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу гуфт, кишвараш метавонад ба хотири раҳоии гаравгонҳо ҷангро дар навори Ғазза ба муҳлати 42 рӯз бас кунад.
Ба гузориши Радиои Фардо, бахши эронии Радиои Озодӣ, Алӣ Лориҷонӣ, Маҳмуди Аҳмадинажод, Исҳоқ Ҷаҳонгирӣ, Муҳаммадбоқир Қолибоф, Саид Ҷалилӣ, Ваҳид Ҳаққониён, Алиризо Зоконӣ ва Абдуносир Ҳимматӣ аз ҷумлаи чеҳраҳои саршинос ҳастанд, ки худро ҳамчун номзади интихоботи президентӣ номнавис карданд.
Бар асоси гузориши Радиои Фардо, бахши эронии Радиои Озодӣ, Алӣ Лориҷонӣ, Маҳмуди Аҳмадинажод, Исҳоқ Ҷаҳонгирӣ, Муҳаммадбоқир Қолибоф, Саид Ҷалилӣ, Ваҳид Ҳаққониён, Алиризо Зоконӣ ва Абдуносир Ҳимматӣ аз ҷумлаи чеҳраҳои саршиносе ҳастанд, ки ҳамчун номзади интихоботи президентӣ дар Эрон худро сабти ном карданд.
Дар Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкеки Қирғизистон бозпурсии гумонбарон дар доираи "парвандаи Кампиробод" оғоз шудааст.
Ширкати ҳавопаймоии "Туркманистон" аз 2 июн парвозҳоро дар масири "Ишқобод-Қазон" қатъ кардааст.
Сармураббии пешини тими миллии футболи Русия Станислав Черчесов дастаи мунтахаби Қазоқистонро раҳбарӣ мекунад.
Собиқ сармураббии тими миллии футболи Русия Станислав Черчесов дастаи мунтахаби Қазоқистонро раҳбарӣ мекунад.