Бародараш гуфт, Ҷунайдулло Худоёров аз Боздоштгоҳи Русия озод шуд
Ҷунайдулло Худоёров, як фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ аз Тоҷикистон, бо шарти берун нарафтан аз маҳалли зист аз боздоштгоҳи Тюмен дар Русия озод шудааст.
Ҷунайдулло Худоёров, як фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ аз Тоҷикистон, бо шарти берун нарафтан аз маҳалли зист аз боздоштгоҳи Тюмен дар Русия озод шудааст.
Вазорати корҳои хориҷии Ҷопон эълом кард, ки зидди 11 русиягӣ ва беш аз 50 ширкати Русия, АМА,Чин, Қазоқистон, Узбекистон, Чин таҳрим ҷорӣ карданд.
Додгоҳи вилояти Хатлон ба муҳокимаи як ҷавони 28-сола шуруъ кардааст, ки ба таркондани мошини Салим Сайвализода, раиси дафтари Ҳизби халқӣ-демократӣ дар шаҳри Кӯлоб, муттаҳам аст.
Баъди ним соли таркидани мошини раҳбари ҳизби ҳокими Халқи демократӣ дар шаҳри Кӯлоб муҳокимаи гумонбарон дар ин ҷиноят оғоз шудааст. Таркиши мошини Салим Сайвализода дар моҳи январи имсол “амали террористӣ” унвон шуда, дар пайванд бо он 8 нафар боздошт гардида буданд.
"Рӯи фарш ва даст ба пушт." Амалиёт дар ҷойи кори муҳоҷирон Мақомоти интизомии Русия рӯзи 20-уми июн дар бозори "Новоясеневский"-и Маскав амалиёти густурда анҷом доданд. Ин бозор дар назди метрои "Тёплий стан" ҷойгир аст ва макони кори садҳо муҳоҷири тоҷик. Ба гуфтаи шоҳидон, амалиёт тақрибан шаш соат идома кард. Вазорати корҳои дохилии Русия дар бораи ин амалиёт ва шумораи боздоштшудаҳо иттилое нашр накардааст. Шоҳидон мегӯянд, "санҷиш сахт буд ва теъдоди дастгиршудаҳо низ зиёд".
"Рӯйи фарш ва дастбапушт".Нерӯҳои амниятии Русия ба яке аз калонтарин маконҳои кори муҳоҷирон дар Маскав меҳмон шуданд.
Ба хабари манбаъҳои Озодӣ, Акбаршоҳ Искандаров, раиси пешини Шӯрои олии Тоҷикистон, “дастгир шудааст”. Мақомот ва хешовандонаш дар ин бора суҳбат накарданд. Искандаров 73-сола аст. Вай дар авҷи рӯёрӯиҳои солҳои навадум ба мақоми раиси Шӯрои олӣ расид ва муддате иҷрокунандаи вазифаи раисҷумҳур буд.
Кишовазони дар ҷануби Тоҷикистон имкониятҳои нави тиҷорат ва содироти меваву сабзавоти худро ҷустуҷӯ доранд.Дар вилояти Хатлон солона садҳо ҳазор тонна мева ва маҳсулоти дигари кишоварзӣ истеҳсол мешавад.
Маркази обуҳавошиносии "Узгидромет" хабар додааст, ки рӯзҳои 20-24 июн дар ноҳияҳои куҳӣ ва доманакуҳҳои Узбекистон борони сахт меборад.
Собиқ раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон Акбаршоҳ Искандаров дастгир шудааст; дар Кӯлоб муҳокимаи ҳамла ба раиси маҳаллии ҳизби ҳоким шуруъ шуд; таъқиби муҳоҷирон дар Русия вусъат гирифт ва матолиби дигар.
Ба хабари манбаъҳои Радиои Озодӣ, Акбаршоҳ Искандаров, раиси пешини Шӯрои олии Тоҷикистон, “дастгир шудааст”.
Шумори зоироне, ки дар мавсими ҳаҷҷи фарзии имсола дар шаҳри Маккаи Арабистони Саудӣ ҷон бохтанд, ба беш аз ҳазор нафар расидааст.
Рӯзи 20-уми июн дар Олмон се бозии даври дувуми марҳилаи гурӯҳии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Аврупо-2024 дар гурӯҳҳои В ва С доир гардид.
Аз 20-уми июн "радар"-ҳо дар роҳҳои Душанбе фаъол шуданд. Ин таҷҳизот панҷ навъи нақзи қоидаҳо, аз ҷумла суръати ҳаракат, набастани камарбанди бехатарӣ, истодан дар хатҳои 2 ва 3, баромадан ба хатти муқобил ва эҷоди монеаро ба дигарон сабт мекунанд. Оё ин пеши роҳи садамаҳоро мегирад?
Мавқеи тими миллии Тоҷикистон дар феҳристи нави FIFA, ки 20-уми июн дар сомонаи Федератсияи байнулмилалии футбол нашр шудааст, се зина поин шуд ва бо 1212,41 имтиёз дар ҷойгоҳи 102-юм қарор дорад.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 20-уми июн ба тарҳи иловаҳои баҳсбарангез ба қонун "Дар бораи танзими ҷашну маросим" имзо гузошт.
Сокини вилояти Ҷиззахи Узбекистон, ки як ҳамватани худро ба ҷои Амрико ба Африқои Ҷанубӣ фиристодааст, дастгир шуд.
Пайвандони як ҷавони мубталои ВИЧ (вируси норасоии масунияти бадан), ки ба иттиҳоми итоат накардан ба амри милиса боздошт шудааст, аз идомаи табобати ӯ нигарон ҳастанд. Ба далелҳои қонунӣ, ному насаб ва макони зисташ фош намешавад. Додгоҳ рӯзи 19-уми июн ӯро 8 шабонарӯз аз озодӣ маҳрум кард.
Ҳукумати вилояти Қазоқистони Шарқӣ маҷмааеро ба фурӯш гузоштааст, ки бо номи “Қароргоҳи Назарбоев” маъруф аст.
Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон рӯзи 20 июн хабар дод, ки фаъолиятҳои ғайриқонуниеро дар соҳаи саноати сабуки ин кишвар ошкор кардааст.
Сокини вилояти Ҷизахи Узбекистон, ки як ҳамватани худро ба ҷои Амрико ба Африқои Ҷанубӣ фиристодааст, дастгир шуд.