Дар Язгулом чӣ гап? Сафари мансабдорони баландпоя ба Бадахшон
Гурӯҳе аз мақомдорони баландпояи Тоҷикистон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар кардаанд.
Гурӯҳе аз мақомдорони баландпояи Тоҷикистон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар кардаанд.
Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, поин омадани қурби доллар дар баробари сомонӣ як тамоюли мавсимист ва шояд тағйир ёбад. Дар чанд ҳафтаи ахир қурби доллар, як арзи серхаридор дар Тоҷикистон арзонтар шудааст. Поин омадани қурби доллар чӣ таъсире ба иқтисоду зиндагии мардум дорад?
Саидҷаъфар Усмонзода, вакили порлумони Тоҷикистон, ки худро раиси қонунии Ҳизби демократи Тоҷикистон медонад, аз Вазорати адлия хостааст, қарорашро бозбинӣ кунад.
Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон
Дар Маҷористон (Венгрия), ки нахуствазираш Виктор Орбан сиёсати муҳоҷирпазирии Иттиҳоди Аврупоро танқид мекунад, эътироф кардааст, ки дар қаламрави кишвараш 120 ҳазор муҳоҷир кор мекунад.
Шаш ҷудокори тоҷик соҳиби роҳхати Бозиҳои олимпии Порис-2024 шудаанд. Дар ин бора хабаргузории давлатии «Ховар» бо такя ба Эргаш Маҳмадбеков, муовини Раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар додааст.
Ифтитоҳи канали «Қуштеппа» дар шимоли Афғонистон ба ҳисоби миёна ба ин кишвар 500 миллион доллари амрикоӣ даромад меорад.
Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ҳангоми ширкат дар чорабиниҳои калон зери либосаш зиреж (бронижилет) мепӯшад. Дар ин бора наршрияи The Moscow Times гузориш додааст.
Ду созмони байналмилалӣ аз номи як фаъоли зиндонии тоҷик ва корманди собиқи КДАМ ба Созмони Милали Муттаҳид нома навишта, хостори раҳоии ӯ аз зиндон шудаанд.
Президент Эмомалӣ Раҳмон ба панҷ афсари Нерӯҳои марзбонӣ рутбаи генералӣ додааст. Фармони раиси ҷумҳур дар ин бора 24-уми май имзо шуда, Радиои Озодӣ 6-уми июн бо нусхаи он шинос шуд.
Додгоҳи олии Қазоқистон 5 июн аз баррасии шикояти Марат Жиланбоев, фаъоли зиндонии қазоқистонӣ худдорӣ кард.
Мақомоти Узбекистон мехоҳанд барои рушди бахши ҷаҳонгардӣ дар ин кишвар блогерони машҳури хориҷиро ҷалб кунанд.
Оҷонси давлатии ҳифзи маълумоти шахсии Қирғизистон 5 июн ба хабари расонаҳо дар бораи он ки як гуруҳи рахнагарон маълумоти шахсии садҳо ҳазор шаҳрванди ин кишварро ошкор ва нашр кардааст, вокуниш кард.